Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва пайроҳаи сулҳу ваҳдати тоҷикон

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олии Тоҷикистон соҳибистиқлол эълон гардида, роҳи бунёд намудани ҷомеаи демокаратию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро пеш гирифт.
Мардуми тоҷик дар давраи муосири рушду нумуи миллии худ ҳамаги 29-сол аст, ки шаҳди Истиқлолро мечашанд, аммо таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо барои наслҳои имрӯзу фардо анъанаҳои шуҳратманди давлатдориро ба мерос мондаанд.
Дар тӯли ҳазорсолаҳои ташаккул ва инкишофи ҳувияти миллии худ мардуми тоҷик бисёр санҷишу имтиҳоноти сангинро пушти сар карда, дар таърихи тамаддуни башарӣ нақши бебаҳо гузоштааст.
Мардуми тоҷик шаҳди истиқлол ва давлатдории миллиро начашида, аҳамияти ин неъмату атои Худовандро эҳсос накарда буд, ки душманони давлату давлатдории тоҷикон тавонистанд Тоҷикистони ҷавонро ба муноқишаҳои хунину нангини дохилӣ бикашанд.
Душманони миллат ба раванди бунёди давлати навини тоҷикон таъсир расонда дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз ба ғасбу ғорат ва хунрезӣ даст заданд. Маҳалҳои зистро зери тасарруф дароварда, мехостанд бо ин ниятҳои ғаразнокашон забону фарҳанги қадимаи моро аз байн баранд.
Хушбахтона дар ин давраи бениҳоят ҳассос ва вазнин офаридгори олам барои несту нобуд нашудан ва аз байн нарафтани давлату миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди баору номус, далеру боҷасорат ва фидокору сарсупурдаро ба майдони сиёсат овард.
Ташвишҳои сарвари сулҳовари тоҷикон дар он шабу рӯзҳо барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат бисёр ҳам зиёд буд. «То он вақте, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи худ барқарор накунем, то вақте, ки яроқро ба замин нагузорем, ба меҳнати бунёдкорӣ баргашта наметавонем. Ягон ёрии беруна вазъияти моро беҳтар карда наметавонад» – мегуфт Эмомалӣ Раҳмон, он замони мураккабу ноороми кишвар.
«Биёед аз баҳри гунаҳкор ҳисобидани якдигар гузарему ба гузашта салавот гуем, яроқро гузорем, дасти якдигарро бародарвор фишурда ба меҳнати осоиштаву созанда машғул шавем», - таъкид намуд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ибтидои фаъолияти корӣ ба Сарвари ҷавону диловар муясар гардид, ки ба хотири ояндаи кишвар бо иттиҳоди мухолифини тоҷик пушти мизи музокира нишинад. Дар мушкилтарин шароити ҷараёни музокирот ин вазъияти ноорромии кишварро бо имзои Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллӣ 27-уми июни соли 1997 ба фарҷом расонид, ки ин яке аз хизматҳои асосӣ ва шоистаи муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Халқи тоҷик бо ҳидояту роҳнамоии Сарвари хирадманд исбот намуд, ки дар як фосилаи кӯтоҳ ба қудрати бузурги иродаи озодихоҳӣ ва неруи андешаву тафаккури зиндагипарастӣ ҳамаи ин вазниниҳоро аз сар гузаронд. Ғайрату кушишҳои Сарвари давлат махсусан дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, гузоштани қадамҳои устувор дар роҳи рушди босуботи кишвар мебошад. Асоситарини онҳо ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар самти тадқиқи чаҳор ҳадафи стратегӣ: - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқворӣ ва саноаткунонии бо суръати кишар ба ҳисоб меравад.
Инчунин масъалаи инкишофи минбаъдаи илму маориф, забону фарҳанг, тандурустӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникӣ пайваста дар маркази диққати Сарвари давлат қарор дорад.
Хулоса, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавлашро дар назди мардуми Тоҷикистон «Ман ба шумо сулҳ меорам!», «То як тоҷик дар ғурбат аст ором нахоҳам шуд», бо ҷаҳду талошҳои пайваста ва ҷон ба каф гирифта, барои ба даст овардани сулҳ ва сарҷамъ кардани миллати парешон гашта, пеш гирифтани сиёсати сулҳҷӯёнаро ба сарбаландӣ анҷом дод.

326327
Нурализода Шералӣ Нуралӣ, Нуриддинзода Раҳматулло Нуриддин, муаллимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...