Қадрдонии корманди Академияи ВКД аз ҷониби Пешвои муаззами миллат
Ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати софдилона ва содиқонаи кормандони Академияи ВКД аз ҷониби роҳбарияти олии давлат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардид.
Бо фармони Президенти кишвар таҳти №1572 барои хизмати содиқона дар мақомоти корхои дохилӣ Нурзода Шомаҳмад Нур – муовини сардори факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Ба ин муносибат Нурзода Шомаҳмад Нурро самимона табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳои нав ба нав орзумандем!
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр,
Маркази матбуоти Академияи ВКД