Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Умри миллат ба умри забон вобаста аст

324Забон ҳастии миллат ва инъикоскунандаи давлату таърихи ҳар як халқи куҳанбунёд аст. Забон ин нишонаи ҳастии ҳар як миллатест, ки дар рӯйи дунё зиндагӣ доранд. Забон ин муаррифгари ҳар як давлат аст, чунки ҳар давлати соҳибистиқлолро маҳз ба воситаи забон ва фарҳангаш мешиносанд. Беҳуда нест, ки мегӯянд, забон пояи давлат аст. Чунки мардумони рӯйи замин танҳо ба воситаи забони худ, лафзи равон ва хушгуфторӣ метавонанд фикру ақидаҳои худро ба якдигар иброз намоянд. 

Забони тоҷикӣ низ яке аз забонҳои куҳантарин ва ширинтарин дар рӯйи дунё шинохта шудааст. Мардуми тоҷик яке аз аввалин истиқоматкунандагон дар Осиёи Марказӣ мебошанд, ки бо забони модарии худ аз қадимулайём сухан мегуфтанд. Аввалин забонҳое, ки мардуми тоҷик бо онҳо сухан мекарданд, инҳо суғдӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва бохтарӣ буданд, баъдан дар натиҷаи ҳуҷуми якҷанд мардумони бодиянишин ва халқҳои дигар ин забон ва калимоти он қисман тағйир ёфт, аммо аз байн нарафт ва бо номи тоҷикӣ ё форсӣ дар кулли дунё шуҳрат ёфта ба воситаи фарзандони шеърдӯсту ғазалсарои худ аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки то имрӯз касе ба пояи шоириаш нарасидааст, мақому манзалат пайдо намуд.
Дар даврони Истиқлолият барои рушду густариши забони модарӣ тамоми шароит фароҳам омадааст ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон, дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2005) чунин иброз намуда буданд: “Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он, ки номи миллат аз саҳифаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд ҳар як шахс бо чароғи раҳнамоӣ, худшиносию худафрӯзиаш забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад”.

Ориётабор ҳастем, фарҳангу забон дорем,
Аз фазли забондорӣ мо мулку макон дорем.
Аз лафзи хуши Сарвар, бас нақши забон афзуд,
Гуфтору каломаш хуш, ибрат чу аз он дорем…
                                                                                  Ниҳонӣ

Абдуҳафиззода Эҳсон, курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...