Бузургии омӯзгор
Муаллим устоди беҳтарин аст,
Сафобахшанда дар рӯи замин аст.
Диҳад илму адаб бар насли наврас,
Бузургии муаллим дар ҳамин аст.
Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Устод барои аз худ намудани касбу кор ва нозукиҳои ҳунарҳои мухталиф ногузир аст. Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст.
Устод чи тавре, ки аз номаш бармеояд он аст, ба кас хату савод омӯхта дари бахту саодатро боз мекунад. Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса доштанд ва онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин иди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.
Ҳар, ки бе устод кор оғоз кард,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хизмат куну худ устод шав,
Омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муассир дошта, боиси эҳтиром ва шаҳомат аст. Устод моро ҳамавақт дар зиндагӣ ба роҳи рост даъват мекунад, аммо баъзеҳо инро нодуруст қабул мекунанд. Ин хато аст, ягон устод намехоҳад, ки шогирдонаш дар зиндагӣ аз ҳама ақибмонда бошанд, ҳамавақт мехоҳад, ки дар сафи пеш бошад. Дар зиндагӣ роҳи худро ёбад ва ба қуллаҳои баланд бирасад.
Ҳар киро набувад кор ба бунёд нест,
Дар роҳи маъни рафиқе беҳтар аз устод нест.
Дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хизмати халқу Ватан қарор доштанд. Ба ин мисол шуда метавонад, хизмати шабонарӯзии устодони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ин рӯ бармеояд, ки эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст. Ҳаёт бошад давоми мантиқии дарси муаллим аст. Имрӯз низ муаллим миёни ҷомеаи мо соҳиби иззату икром буда, аз ҷониби пиру барно ба сифати шахсияти нотакрори донишманд эътироф мегардад. Подоши заҳмати муаллим зуҳури шогирди донишманди ӯст.
Ризозода Ш., курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон