Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5-уми октябр - Рӯзи забони давлатӣ

323Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои забони тоҷикӣ

Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. 

Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки дар ҳама давру замонҳо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби шахсиятҳои алоҳидаи сиёсиву фарҳангӣ пайомадҳои нек ба бор оварда, ба тавассути ин амал кору пайкор ва номи эшон дар саҳфаҳои таърих бо хатти тилло сабт мегардад. Таърихи давлатдории тоҷикон абармардони зиёдеро ба хотир дорад, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат хеле мушкил тавонистанд бо ақлу заковати фитрӣ на танҳо миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд, балки пояҳои мавҷудияти онро ба василаи таваҷҷуҳ нисбат ба арзишҳои миллӣ мустаҳкам намоянд. Дар ин миён нақш ва ҷойгоҳи фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори варзида – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, хосатан, бояд қайд намоем. Ба андешаи инҷониб, имрӯз касе хизматҳои бесобиқа ва таърихии Сарвари тоҷикони ҷаҳонро дар самти бартарӣ додан ба рукнҳои муҳимми ҳастии давлату миллат ва пайваста андешидани чораҳои беҳдоштӣ дар ин ҷабҳаҳо инкор намекунад, зеро ба қавле: “Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.
Мусаллам аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои давлатдории тоҷикон имкониятҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Бо ин роҳ мо тавонистем як қатор масъалаҳои аз мадди назар дур мондаро дубора таҷдиди назар намуда, бар замми ин асолати таърихии онҳоро дар назди давлату миллат барқарор созем. Яке аз чунин рукнҳои маънавию фарҳангӣ забон буд, ки дар ҳамон шабу рӯз беш аз ҳарвақта ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ниёз дошт. Забоне, ки дар муддати зиёда аз ҳазор соли таърих фишору таъқибҳои зиёдеро пушти сар намуда, бо фарҳангу маданияти халқиятҳои бегона дар сангарҳои муқобил мардонавор истодагарӣ намудааст. Забоне, ки доираи истеъмоли он дар паҳнои таърих гоҳо маҳдуд гардидаву зери теғи хуношоми душманони миллат хатари аз миён рафтанро ба сар дошт. Лек бо вуҷуди ин ҳама тазйиқу нотавонбиниҳо забони тоҷикӣ тавонист аз имтиҳони таърих гузашта, ба сифати як забони тавонманд ва баҳамоварандаи миллат то ба замони мо омада расад. Албатта, ин ҳама пояндагиву боландагӣ ва ҷовидонагии забон тавассути ҷонсупориҳои фарзандони шарафманди миллат рӯи кор омадаанд, ки, барҳақ, боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳар як фарди худогоҳу худшинос аст. Ба қавли устоди зиндаёд Бозор Собир:
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан.
Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ имрӯз ба ҳайси як забони комил, меъёрӣ ва дорои махсусиятҳои худ забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Болотар аз ин, он забонест, ки дар миқёси ҷаҳонӣ аз миллату давлат, фарҳангу маънавиёт ва таъриху тамаддуни халқи тоҷик намояндагӣ мекунад.
Ба касе пӯшида нест, ки дар замони истиқлол забони тоҷикӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама, дар ин давра забон ба сифати як унсури муҳимми миллатсоз ҳусну қубҳи хешро дарёфта, зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат ва давлату ҳукумат қарор гирифт. Дар партави чунин ғамхориҳо мо тавонистем ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами вобаста ба забон оғоз намоем ва дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои шоён ноил гардем. Мухтасаран, комёбиҳои бадастомадаро дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:
1. Ба даст омадани истиқлолияти устувори забонӣ. Бешак, Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар афзалиятҳои миллӣ мавқеи забонро дар ҷомеа устувор намуд. Истиқлолияти комили забонӣ аз он бармеояд, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ масъулияти худро дар назди давлату миллат комилан ва бе ягон таъсири омилҳои беруна иҷро намуда истодааст. Он дар ҳама қишрҳои ҷомеа баробар истифода шуда, ҳамчун забони муоширати байнифарҳангҳо низ корбурд мегардад. Падидаи мазкур хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ҳамагон медонем, ки то замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ зери таъсири сиёсати вақт натавонист доираи амалкарди худро муайян созад. Кор ба ҷое расида буд, ки забони мо ба ҳадди забони хонаводагӣ маҳдуд гардид ва пайваста зери фишори сиёсӣ қарор дошт. Хушбахтона, дар пайи чораандешиҳои саривақтӣ ҷиҳати боз ҳам боло бурдани мақому нуфузи забон мушкилиҳои зикргардида бартараф гардиданд ва имрӯз забони тоҷикӣ дар минтақаи муайяни ҷуғрофӣ истеъмол дорад. Пас, моро зарур меояд, ки истиқлолияти забониро ҳифз намуда, барои беҳбудии вазъи забон дар ҷомеа муваззаф бошем, зеро ба қавли Сарвари давлат: “Соҳиб ва пуштибони аслии забони тоҷикӣ танҳо миллати тоҷик аст”.
2. Мустаҳкам гардидани мақоми забон дар ҷомеа. Аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омадан Пешвои миллат сиёсати забониро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд ва вобаста ба беҳ гардидани вазъи забон дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдоштаи забонӣ як қатор ибтикороти судмандро амалӣ намуданд. Пеш аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2009) таҷдиди назар гардид, ки онро метавон қонуни комилан нав арзёбӣ намуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард. Дар асоси он минбаъд ҳамасола таърихи 5-уми октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатӣ” дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Дар ин давра бо мақсади назорати сиёсати забонии давлат Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он дар доираи қонунҳои мавҷуда ба тадбирҳои мушаххас андешидан дар самти равнақи забони тоҷикӣ нигаронида шудааст. Имрӯз кумитаи мазкур бо фарогирии воҳидҳои кории махсус сиёсати забонии давлатро пеш бурда, мақоми сохтори идоракунандаи манфиатҳои забониро соҳиб аст.
Албатта, рушди соҳаи муайян бе қабули барномаи мушаххаси давлатӣ имкон надорад. Қабули “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” аз шумори он барномаҳоест, ки “татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забонро аз роҳи таҳия ва танзими санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои давраҳои гуногуни омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои дигар дар бар мегирад”. Ин Барнома метавонад мақоми забони тоҷикиро боз ҳам мустаҳкам намуда, рушди бемайлони онро дар ҳама сатҳҳо ба роҳ монад.
3. Таҳким ёфтани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ. Дар зарфи зиёда аз бист соли соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба масъалаҳои забонӣ ва нақши он дар ҷомеаи муосири тоҷик он қадар афзун гардид, ки назирашро ҳеҷ як давраи таърихӣ ёд надорад. Дар ин марҳилаи тақдирсоз забоншиносону адибони ватанӣ тавонистанд бо таълифотҳои арзишманди илмиву бадеӣ меъёрҳои истеъмолии забони тоҷикиро муқаррар созанд ва риояи бечунучарои онҳоро дар ҷомеа ба роҳ монанд. Имрӯз забони модарии мо меъёрҳои овоӣ, талаффузӣ, имлоӣ, луғавӣ, услубӣ ва сарфиву наҳвии худро дорад, ки дар заминаи онҳо шохаи адабии забон фаъолият мебарад.
Забони адабии гуфтории тоҷикӣ дар ин давра бо назардошти меъёрҳои талаффузӣ ташаккул ёфта, қонунмандиҳои тозаро касб намуд. Меъёрҳои имлоӣ дар асоси таҷдиди назар намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мукаммал гардида истода, дар хизмати соҳибони забон қарор доранд. Меъёрҳои луғавию услубии забонамон низ дар ин ҷараён инкишоф ёфтанд ва ба туфайли онҳо услубиёт ва захираи луғавии забон бознигарӣ шуданд. Бар замми ин, дар ин давра қудрати калимасозии забон аз ҳисоби имкониятҳои худӣ беҳтар гардид ва ин омил ба ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон оварда расонд. Дар ин миён набояд меъёрҳои наҳвии забон сарфи назар карда шаванд, зеро маҳз ба туфайли онҳо қоидаҳои иборасозиву ҷумлабандии забони тоҷикӣ ташаккул ёфтанд. Имрӯз ҳатто одитарин намояндаи забон, ки аз қоидаҳои мазкур огаҳӣ надорад, дар мавриди баёни андеша ҷумлаи дилхоҳро дар қолаби муайян сохта, озодона истифода бурда метавонад.
4. Забон – рукни худшиносии миллӣ. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми худшиносии миллӣ шакл гирифт. Ба тавассути он як қатор масъалаҳое матраҳ гардиданд, ки, бешак, дар шинохт ва ташаккули миллияти халқи тоҷик таккони нав бахшиданд. Яке аз чунин падидаҳои тозае, ки маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ боиси сару садоҳои зиёд ва бознигарӣ қарор гирифт, баргаштан ба насабсозии анъанавии тоҷикӣ мебошад. Хушбахтона, гоми нахустин дар ин самт аз ҷониби Пешвои муаззами миллат гузошта шуд, ки дар ниҳоят ному насаби худро аз қолаби анъанавии шӯравӣ ба қолаби тоҷикӣ баргардониданд. Дар идома ин раванд идома ёфт ва имрӯз насабгузорӣ дар заминаи пасвандҳои муайяни насабсоз (-зод, -зода, -иён ва ғайра) ва қолабҳои маъмули насабсозии тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳарчанд ин амал дар назари аввал мушкил ва бар хилофи манфиатҳои сиёсӣ буд, вале таҷрибаи солҳои охир нишон доданд, ки чунин иқдом саривақтӣ ва ба фоидаи миллату давлат буда, савияи худшиносии миллии моро боз ҳам баланд бардошт.
Таълифи асарҳои илмии соҳавӣ дар ташвиқу таблиғи худшиносии миллӣ низ саҳми назаррас доранд. Дар ин ҷода чопи як зумра асарҳои илмиро аз ҷониби Пешвои миллат метавон зикр намуд, ки барҳақ, дар боло бардоштани ҳувият ва худогоҳии миллии соҳибони забон нақши калидӣ доранд. Манзури мо ба чоп расидани китоби арзишманди “Забони миллат – ҳастии миллат” мебошад, ки то ин дам аллакай ду ҷилди он пешкаши ҳаводорони забони тоҷикӣ гардидааст. Онро метавон ягона асари илмии бунёдии мукаммал вобаста ба масъалаҳои мубрами дирӯзу имрӯзи забон дар замони соҳибистиқлолӣ ба қалам дод. Он дар заминаи далелҳои муътамади илмию таърихӣ бори дигар исбот менамояд, ки гузаштагони мо забони ваҳдатофару қудратмандеро аз умқи таърих то ба давраи муосир ҳифз намудаву боқӣ гузоштаанд. Тавре ки муаллиф дар ҷилди якуми китоб қайд менамоянд: “Ҳадафи асосии мо он аст, ки хонандагон, махсусан, насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд” (Забони миллат – ҳастии миллат, Китоби якум, саҳ. 24).
5. Афзудани нуфузи байналмилалии забони тоҷикӣ. Дар ҳоле ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо истиқлолияти забониро фароҳам овард, мақом ва нуфузи забони тоҷикӣ низ дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол беҳтар гардид. Тасдиқи он баромадҳои Пешвои миллат аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, кашфиётҳои олимони тоҷик, тарҷума ва баргардони асарҳои зиёди илмиву бадеӣ бо забони тоҷикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди сиёсиву фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсояву ҳамзабон, фаъол гардидани забони тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳо мебошанд.
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди тоҷик мебошад, ки имрӯз забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ садо дода, аз пешрафту тараққиёти давлат ва хушрӯзгории мардуми тоҷик мужда медиҳад. Кашфиётҳои олимони мо имрӯз аз ҷониби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидаву истилоҳоти тоҷикӣ мафҳумҳои муҳимми илмиву техникиро ифода мекунанд. Дар ин миён нақши мутарҷимоне, ки таълифотҳои гуногуни олимони хориҷиро ба забони тоҷикӣ баргардон мекунанд, қобили таҳсин аст. Ин амал исботи он аст, ки забони мо дар замони муосир дастгоҳи қавии луғавиеро дорост, ки метавонад дилхоҳ унсури забони бегонаро дар доираи меъёрҳои мустаъмал тобеи худ гардонад.
Бегумон, дар ин давра ҳамкориҳои мо бо ҳамсоякишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди ҳамватанонамон ҳаёт ба сар мебаранд ва ҷумҳуриҳои Эрону Афғонистон, ки бо мо ҳамзабон мебошанд, тақвият ёфтанд ва дар ин замина паҳнои истеъмоли забони тоҷикӣ боз ҳам фарохтар гардид. Имрӯз дар забонҳои мазкур шумораи зиёди калимаҳои тоҷикиро вохӯрдан мумкин аст, ки мафҳумҳои муҳимми ҳаёту рӯзгори мардуми моро ифода мекунанд. Мавҷудияти миқдори муайяни унсурҳои луғавии забонҳои хешу бегона низ дар забонамон шаҳодати додугирифти бобарори миёни онҳо мебошад. Бахусус, дар ин давра воридшавии калимаву ифодаҳо аз забонҳои форсии Эрон ва дарии Афғонистон афзоиш ёфт. Акнун моро зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ робитаҳои мавҷударо боз ҳам қавитар гардонида, қаламрави васеи истифодаи забони тоҷикӣ ва нуфузи байналмилалии онро таъмин намоем.
Албатта, ҷомеаи имрӯзаро бе шабакаи ҷаҳонии Интернет тасаввур кардан нашояд. Айни замон дар миқёси кишварамон шабакаҳои иҷтимоии зиёде фаъоланд, ки аксарияти мардум дар фазои маҷозии онҳо бо ҳамдигар робита дошта, маълумоти гуногунро бо забони тоҷикӣ пешкаши истифодабарандагон мекунанд. Чунин роҳи пешниҳоди маълумот, барҳақ, ба мақоми байналмилалии забон бетаъсир намемонад ва дақиқан он дар радифи забонҳои дигари дунё мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Танҳо омили нигаронкунанда он аст, ки на ҳамеша хабарҳои пешниҳодшаванда дар доираи қонуниятҳои забони меъёрӣ сурат мегиранд, ки ин ҳолат метавонад ба мавқеи забон таъсири манфӣ расонад.
Ба ин тариқа, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат вазъи истеъмол ва нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони меъёрӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло рафт. Зери чунин таваҷҷуҳҳои пайваста имрӯз забони мо пояҳои мустаҳқами инкишофро соҳиб аст, ки метавонад дар даҳсолаҳои оянда низ ба сифати як ҷузъи калидии устувории давлату миллат боз ҳам таҳким ёбад. Дар ин роҳ ва расидан ба дигар ормонҳои миллӣ, ки яке аз онҳо ба рушди забони модарии мо алоқамандии бевосита дорад, моро мебояд ҳамеша дар пайи беҳдошт, тозагӣ ва риояи меъёрҳои истеъмолии забон бошем. Танҳо дар ин сурат метавонем забонамонро ҳамчун забони рақобатпазир ва тавонманд ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Дӯстзода Ҳ.Ҷ.,
Қосимзода С.С.,
устодони ДМТ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...