Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - дар амал

317

2 октябри соли равон дар асоси супориши сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, баҳри баланд бардоштани таълиму тарбия, риояи интизоми хизматӣ ҷаласаи навбатии волидайни курсантони Академия бо иштироки роҳбарияти Академия сардорони факултетҳо, сардорони вохидҳои низомӣ баргузор гардид.
Нахуст маҷлиси умумии падару модаронро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. кушода дар бораи ғамҳориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ доир ба шароитҳои беҳтарини таҳсил дар Академияи ВКД суханронӣ намуд. Аз ҷумла, ибороз дошт, ки мақсади асосии ҷаласаи падару модарон ин дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буда, мо бояд якҷоя сифати таълиму тарбияро бо курсантони Академия баланд бардорем.
Дар ҳамин асос сардорони факултетҳои №2, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С., сардори факултети№5, майори милитсия Нуруллозода М., сардори факултети №6 Нозири Н.А. дар бораи фаъолияти курсантони факултетҳои ба онҳо вобаста гузориши муфассал доданд. Ҳамчунин дар бораи риояи меъёрҳои Оинномаи Академияи ВКД, Кодекси одоб, интизомӣ хизматӣ вобаста ба ҳар як курсант сардорони воҳидҳои таълими-низомӣ гузориш доданд.
Дар баробари бурдбориҳо дар байни курсантон муовини сардори Академияи ВКД Саидзода З. иброз намуд, ки сифати таҳсили як қатор курсантонро бо истифодаи таъсирасонӣ аз волидайн, бештар гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва дигар корҳои инфиродӣ мо бояд баланд бардорем.

318

Дар фарҷом роҳбарони факултетҳои Академия тасмим гирифтанд, ки робитаро бо волидайни курсантон мустаҳкам намуда, сатҳу сифати таълиму тарбияро боз ҳам баланд бардоранд.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...