Оғози мусобиқаҳои варзишӣ дар Коллеҷи милитсия
Варзиш қосиди сулҳ ва дӯстӣ ба шумор меравад. Дар ҷомеа мо дида истодаем, ки шахсоне, ки ба обутоби ҷисмонӣ машғуланд, солимақлу солимфикранд. Хусусан бояд ҳар фард дар давраи пандемияи коронавирус бештар ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шавад.
Бо ҳамин мақсад бо супориши сардори МДТ «Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Умари Х.А. бахшида ба рӯзи «Забони давлатӣ» чорабинии варзишӣ аз тарафи кафедраи Тайёрии тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ аз намуди варизши футбол оғоз гардид.
Бояд ёдрас шуд, ки дар мусобиқаи варзишӣ ҳамаи гурӯҳҳо бо ҳам қувваозмоӣ карда ба ғолибон дар ҷашни рӯзи «Забони давлатӣ» медал ва Ифтихорнома супорида мешавад.
Фариддуни Тоҳирҷон,
Каримов М., Ҷамшеди Ҷ.