Баргузор гардидани конференсияи илмӣ-амалии он-лайн оид ба масъалаҳои мурофиаи ҷиноятии муосир
Мутобиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа, ки 14 апрели соли 2017 ба имзо расида буд, санаи 24 сентябри соли 2020 конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири мурофиаи ҷиноятӣ: роҳҳои ҳал намудан» (Современные проблемы уголовного процесса: пути решения) дар режими он-лайн баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур омӯзгорон, олимон ва мутахассисони олии таълимии системаи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон ва Башкортостан ва дигар донишгоҳҳои ВКД Россия иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники политсия Терехов Алексей Юрьевич баромад намуд.
Иштирокчиёни конференсия оид ба баъзе масъалаҳои тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ, ҳифзи судӣ, ҳуқуқи шикоят намудан аз амал ва қарорҳои мурофиа, инчунин, аҳамияти иштирокчиён дар рафти мурофиаи судии ҷиноятӣ баррасӣ шуда буданд.
Аз номи Академияи ВКД сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Арипов Анвар Лутфиллоевич бо маърӯза дар мавзӯи «Табиати ишораҳое, ки дар каналҳои муосири алоқа интиқол мегарданд ва аҳамияти онҳо дар рафти исботкунӣ» («Природа сигналов, передаваемых по современным каналам связи и ее значение в доказывании») баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи омӯзгорон ва мутахассисони муассисаҳо-иштирокичиёни семинар оид ба хусусиятҳои рафти мурофиаи судии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, инчунин, дигар саволҳо вобаста ба мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика пешниҳод гардиданд.
Каримова Л.М., полковники милитсия