Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди курсантони Академияи ВКД аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

306

Мусаллам аст, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар замони истиқлолияти кишвар ин ифтитоҳи бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошад. Воқеан, осорхона ҳамчун оинаи таърих ба ҳисоб рафта, пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мулоқот бо зиёиёни кишвар иброз намуданд, ки «Осорхона бахши хеле муҳими ҳофизаи таърихии инсоният мебошад. Махсусан халқҳои мутамаддин барои ҳифзи ёдгориҳои безаволи гузаштагони худ ва осори моддиву ғайримоддии бамеросмонда тадбирҳои зарурӣ андешидаанд».
Дар робита ба ин роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таблиғу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, ҳамеша курсантонро даъват ва таъкидҳо менамоянд, ки аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намоянд. Зеро осорхона – оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос менамояд.
Ҷиҳати амалӣ намудани корҳои иҷтимоӣ-тарбиявиӣ дар таърихи 25 сентябри соли 2020 курсантони курси сеюми гурӯҳи таълимии 301 факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар назди боғи Парчами миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир аст, дидан намуданд.
Ҳангоми шиносоӣ ба ин муассиса муайян карда шуд, ки он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011 №1094 таъсис ёфта, 22 толори намоишӣ дошта, дар онҳо беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

307

Ҳамин тариқ, дар осорхона барои тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарин, шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд, ки ҳар якӣ он дорои хусусиятҳои хоси худ буда, барои курсантон на танҳо як хотираи нек гузошт, балкӣ шиносоӣ ба онҳо беҳтарин дарси таърихию фарҳангӣ буд.

Куратори гурӯҳи таълимии 301,
иҷрокунандаи вазифаи сардори
кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ,
майори милитсия Заробидинзода С.З.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...