Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ - пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик

9 - уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихи навини миллати тоҷик сабт шудааст. Санаи эълон гардидани Истиқлолитяти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 – уми сентябр бо қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик Иди муқаддас маҳсуб мешавад.
Бояд ҳаминро қайд намуд, ки барои ҳар миллату халқият пеш аз ҳама озодӣ, Истиқлолият муҳим буда, миллати тоҷик бошад дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон Истиқлолияти худро, ки дар вазъияти номусоиди сиёсӣ - иҷтимоӣ қарор дошт, ба даст овард. Ҳарчанд баъд аз ба даст овардани Истиқлолият сарзамини кишвари моро нобасомониҳо фаро гирифта бошад, ҳам тавассути хизматҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нобасомониҳо ба поён расида, боз кишвари азизи мо рӯ ба пешравии иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ниҳод.
Аз соли 1991 инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир соҳиб гаштааст, ки ҳамаи ин таввасути Истиқлолият мебошад. Даврони Истиқлолият барои мо ҷавонон имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкориҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, олитарин дараҷаи бахту саодати воқеӣ миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи саодатмандӣ, мазҳари идеяву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутаммадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Акнун, пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса намоем,ки маҳз давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисодӣ ба набзи иқтисодии ҷаҳонӣ роҳ кушоем.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 150 давлати дунё шартномаҳои гуногун ба имзо расонида дар дохили кишвар бошад ободкорию бунёдкорӣ рӯшд ёфта, тамоми соҳаҳои илм, иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, энергетика рӯ ба тараққӣ ниҳода, таввасути ин соҳаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба комёбиҳои бузург ноил гардад.
Дар гузашта душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат,ки аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқии обӣ, тунелҳо, шоҳроҳову пулҳои байналмиллалии мошингард в даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шудаанд.
Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёти қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем, ки ин ҳам дастовардҳои Истиқлол мебошад.
Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили тамоми сокинони кишвари азизамон ва меҳмонони хориҷӣ гаштааст. Бунёди муҷассамаи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, театр, сохтмони садҳо иншооти баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои Истиқлолият маҳсуб меёбанд.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда низ кишвари азизамон аз ин дастовардҳое ноилгашта дида зиёдтар ба дастовардҳои беназир соҳиб шуда, ободу зебо гардад ва боиси зикр аст, ки бигузор ҳамеша дар кишвари азизамон сулҳу оромӣ пойдор, Парчамаш доимо партавафшон, осмонаш софу беғубор ва сокинонаш дар фазои тинҷу осудаи Ватан кору зиндагӣ намоянд.
Поянда бод Ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

305Муҳаммадрофеъи Авазхон
- курсанти курси 4 – уми факултети №2 Академияи ВКД.
Роҳбари илмӣ - Асламов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...