Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳбаре аз қалби мардум

303Инсоният ҳамеша ба наҷотбахше ниёз ва ба муъҷизае бовар дорад. Чашм ба роҳи наҷотбахши муъҷизаофаре ҳаст, ки ӯро аз фалокати ба сари худаш оварда наҷот диҳад. Дар миёни мардуми олам миллати ҷафокашидаи тоҷик низ истисно нест. Ин миллати пуртоқат ҳазор сол интизорӣ кашид, то наҷотбахше пайдо шаваду як хиёнати рӯҳониёни ҷоҳталаби асолатбохтаро, ки мардумро гумроҳ карда, аз мубориза бар зидди душманони беруна боздоштанд ва дарвозаҳоро ба рӯи аҷнабиён боз карданд, ҷуброн кунад.
Баъд аз ҳазор сол бо вазидани насими истиқлол аввалин тундбоди ҷаҳолат низ ҳамроҳи ришу саллаи як зумра бемағзон вориди ҳаёти ин миллат гардид. Ҳаёте, ки талхиаш то ҳанӯз дар коми модарони фарзандгумкарда ва фарзандони ятиммонда барҷост.
Як гурӯҳ гумроҳкунанда буданд, гурӯҳи дигар гумроҳшуда ва чун ҳамеша теъдоди ниҳоят каме вуҷуд дошт, ки роҳи дурусти баромадан аз зулмотро медонист. Ин теъдоди ками шахсиятҳои огоҳ низ ба раҳнамое ниёз доштанд, ки тавонад онҳоро дар наҷоти халқу давлат роҳбарӣ кунад. Ба бахти тоҷикон ин шахси наҷотбахш дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва ниҳоят миллат Пешвои ҳақиқии худро ёфт. Пешвое, ки барои миллат сулҳу оромӣ ва бахту саодат овард.
Ин вазъиятро танҳо шахсе ба даст гирифта метавонист, ки иродаи қавии сиёсӣ дорад ва ин шахс Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтиром гузоштан ба андешаи ҳамаи фирқаву гурӯҳҳо ташаббусро ба даст гирифт ва аз рӯзҳои аввали Иҷлосияи тақдирсоз иброз дошт, ки ман шахсан ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам. Ин иродаи таърихӣ минбаъд дар шакли меъёри конститутсионӣ низоми имрӯзаи давлатдории моро муайяну мушаххас сохт ва ҷомеаро аз гирдоби номуайяниҳо раҳонид. Ҳамзамон Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, ки мо дар роҳи ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллиамон роҳи муайяни худро дорем ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз модели дигар кишварҳо нусхабардорӣ нахоҳем кард ва иҷозат ҳам намедиҳем кадом як модели дигари давлатдориро сари мо таҳмил кунанд. Дар доираи чунин принсипҳо сутуни давлатдории навини тоҷикон мустаҳкам гардид.
Ҳамзамон ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва рукну арзишҳои муҳими конститутсионӣ ҳанӯз халои идеологӣ ташвишовар ба назар мерасид. Пешвои ҷавони миллати тоҷик инро аз рӯзҳои аввал дарк намуд ва фавран дар паи аз байн бурдани холигоҳи идеологӣ аз роҳи ба вуҷуд овардани идеологияи нави миллӣ ва ҷавобгӯ ба ормонҳои ҳазорсолаи халқи ҷафокашидаи тоҷик гардид. Бо ин мақсад дар чунин марҳилаи ниҳоят тақдирсоз бо ташаббус ва бар пояи ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин неруи сиёсӣ тавонист ҷомеаро ба маҷрои дурусти созандагӣ ворид созад. Яъне аз роҳи таъсиси ҲХДТ Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди сиёсиеро ба вуҷуд овард, ки дар он неруҳои солими ҷомеа муттаҳид шуда, дар ташаккули маънавиёти ҷомеа саҳм гузоранд, то мардум ба чунин ояндаи дурахшон, ки имрӯз дорем, бирасанд. Аз ин нукта равшан ба назар мерасад, ки ҳар рафтору амал ва нияту ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба манфиати халқу давлат ва саодату хушбахтии ҳар яки мо, мардуми Тоҷикистон равона шудааст.
Чун ба гузаштаҳои дуру наздик воқеъбинона назар мекунем, “таърихи миллати мо саропо аз муборизаҳои ошкору ниҳон барои нигоҳ доштани ҳастӣ, оини давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ иборат аст”. Ин суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори миллат ишораест ба халқи тоҷик ҷиҳати ибрат гирифтан аз аҷдоди миллатдӯсту ватанпарварамон. Бо ҳамин ишораҳо мо ба авзои солҳои навадум ва аз кадом ҳол ба ин рӯзҳои равшан расидани миллати тоҷик бо дарназардошти он, ки хизматҳои Пешвои миллат дар ин росто чун оина барои ҳамагон аён аст, иктифо мекунем ва рӯ меорем ба кору пайкори Пешвои миллат дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории тоҷикон.
Дар марҳилаи навбатӣ, ки таъсири манфии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамаи самту соҳаҳои ҳаётан муҳим расида буд, миллати тоҷик шоҳиди маҳорати баланди корбариву корофаринии Пешвои худ гардид. Дар ҳоле, ки бо чунин вазъият ба по хестани Тоҷикистонро дар тӯли як садсола “пешгӯӣ” мекарданд, Пешвои миллат бо роҳандозии барномаҳои дақиқ ва муттаҳид кардани мардум атрофи амалӣ сохтани се ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ ҷомеаро дар роҳи созандагӣ дилгарм сохт. Вақт нишон дод, ки бо анҷом додани як қатор тадбирҳои хирадмандона, махсусан тақсим намудани замин миёни мардум нахуст амнияти озуқаворӣ пурра таъмин гардид ва дастархони ҳар як сокини кишвар пур аз нон шуд. Зимнан, давоми камтар аз як даҳсолаи дигар бунёду таҷдиди роҳҳои оҳану мошингард, нақбҳо ва хатсайрҳои нави ҳавоӣ тамоми гӯшаҳои Тоҷикистонро ба ҳам васл намуда, аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра баромадем. Замоне, ки мардум Пешвои худро ҳангоми идораи техникаи вазнин ҷиҳати тағйир додани маҷрои об ва оғози бунёди сарбанди НБО “Роғун” диданд, барои сокинони кишвар масъалаи расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ кори ҳалшуда дониста шуд. Ин аст мактаби номусу ҷавонмардӣ!
Дар зимн нуктаи аслие, ки дар рушди давлатдорӣ ва эҳёи андешаи миллии тоҷикон дар марҳилаи навин нақши хеле муассир гузошт, ин қобилияти дурандешии Пешвои миллат, дарки набзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иродаи қавии сиёсиашон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ба истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз 14 сол пеш ҳушдор дода буданд. Пешвои миллат ҳанӯз соли 2006 вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро пешбинӣ намуда, дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” миллати тоҷикро аз хатарҳои геополитикӣ, ба монанди терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифротгароии динӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкориву зӯроварӣ ва ҷангу куштор (кибертерроризм), инқилобҳои ранга, терроризми генетикӣ, ки ҳамаи инҳо аз заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ ва духӯрагиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд, ҳушдор дода буданд. Ин ҳушдорҳо симои воқеии бархӯрди манфиатҳоро ошкор сохта, дарси хубе шуданд барои мардум дар шинохти авзои сиёсии ҷаҳон.
Дар ин росто мебояд бо ибратомӯзӣ аз таҷрибаи талхи давлатҳои Ғарбу Шарқ ва талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бардоштем, дар моварои ин бархурдҳо зирак бошем ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонем. Дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ набояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд. Ин ҷо низ миллати тоҷик ба сифати пуштибон ва сипари боэътимоди худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарёфт.
Ин ҳам хушбахтии мо миллати тоҷик аст, ки Пешвои миллатамон ҳамчун ҳомиву раҳнамо бар пояи бозшиносоӣ намудани шахсиятҳои таърихӣ моро ба саҳифаҳои пурифтихори гузашта ошно намуда, бо омӯзиши таҷрибаҳои ниёкон имкон фароҳам меоранд, то ҷойгоҳи мустаҳками худро дар ҷаҳони муосир пайдо кунем. Тавре Пешвои миллат зикр намудаанд: “Замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем”. Дар ин росто Пешвои миллат ҷавононро дар назар доранд. Яъне, Пешвои миллат дар баробари умед ба ояндаи нек, ҳамзамон нақшаҳои хеле бузурге нисбат ба насли ояндасози миллат доранд, ки инро аз иқдомҳои дурандешонаашон пайваста эҳсос кардаем.
Воқеан дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боз кардани чашми худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик нақши калидӣ дошта, ҳамчун сипари боэътимод моро аз ҳама гуна офатҳои ҷаҳонӣ ҳимоя месозад ва ба ояндаи равшану пурсаодат раҳнамоӣ мекунад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу Ватан хеле беназир буда, барои ҳар сокини ватандӯсту миллатпарвар боиси арҷгузорӣ ва намунаи олии ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, иқрор бояд шуд, ки дар тасвири он ҳама азхудгузариҳову фидокориҳои Пешвои миллат дар роҳи саодати халқу ватан, қалам оҷиз мемонад. Ҳарорати меҳру муҳаббати Пешвои миллат нисбат ба ҳар як сокини кишвар танҳо аз роҳи эҳсос пурра муяссар мегардад. Ҳар нафаре, ки дар синааш қалби поку беолоиш дорад ҳатман нисбати худ ва Тоҷикистони азиз гармии самимияту дилсӯзии Пешвои миллатро эҳсос мекунад.
Мо бо Пешвои худ ифтихор мекунем! Зеро Пешвои миллати мо ҷони худро барои наҷоти халқаш сипар кард, ба миллат умри дубора бахшид, андешаи миллиро эҳё кард, Тоҷикистонро ободу машҳури дунё ва миллати тоҷикро сарбаланд олам гардонид… Воқеан рӯзи ба дунё омадани Эмомалӣ Раҳмон оғози хандаи бахти миллати тоҷик аст!
Башарият ҳамеша қаҳрамонҳоеро тасаввур мекард ва дар хаёли худ месохт, ки бо фидокориҳои худ тавонанд онҳоро аз зулмот наҷот бахшида, роҳашонро ба сӯи оянда равшан созанд. Аз чунин андешаҳо шахсиятҳое тавлид ёфтанд, ки ба дили мардум равшаниву гармӣ бахшида, раҳнамову раҳкушои инсонҳо шуданд.
Миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шудан дар шахси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Қаҳрамони воқеӣ гардид ва ниҳоят орзую ормони одамон воқеият ёфту ба мақсадашон расиданд. Тоҷикон аз баракати чашму дилу сухани равшани Пешвояшон батадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфтанд.
Бадтарин зулмот- ин ҷанги бародаркуш буд, ки Пешвои миллат бо ғайрати мардона ва дили қавӣ аз баҳри ҷон гузашта, мардумро сарҷамъ ва роҳро ба сӯи сулҳу ваҳдати комил равшан карданд. Дигар зулмот, ки гуруснагии саросарӣ буд, аз андешаи равшани Пешвои миллат бо тақсим кардани заминҳои Президентӣ ва анҷом додани дигар тадбирҳои муҳими иқтисодӣ ҳалли худро ёфт. Зулмоти дигар- ин ҳамон фазои торике буд, ки бар асари сабабҳои зикршуда рӯи самои Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифта, роҳи моро барои пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин банд мекард. Ин зулмоти ҷаҳолату таассуб буд. Пешвои мо бо баромад аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ пардаи ин зулмотро дарида, чашми оламиёнро ба сӯи ояндаи равшани кишварамон кушоданд ва тасаввури мардуми оламро нисбат ба миллати тамаддунофари тоҷик ба таври мусбат тағйир доданд.
Ин мактаби шуҷоат барои мо, ҷавонон бояд намунаи ибрат бошад, зеро асосгузори ин мактаб- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарварии хеш пайваста бо ҷавононанд ва ҳар лаҳза ба тарбия, камолоти муносиби ҷавонон ва омодасозии онҳо барои ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидан талош доранд.
Имрӯз нуктаи муҳим барои ҷавонон – ояндасозони ҷомеа дар баробари ифтихор аз Ватану давлатдорӣ дар амал татбиқ намудани ташаббусҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яъне, ҳар яки моро мебояд пайравӣ ва ифтихормандии хешро ба Пешвои миллат бо қалби соф, рафтору амали худ, дастовардҳои созгор ва шуҷоатмандии хеш изҳор намоем!
Пайравӣ ба Пешвои миллат барои ҳар яки мо мояи ифтихор аст, изҳори ин пайравӣ- рафтору амал ва саҳму иштироки бевоситаи мо дар татбиқи ташаббусҳои пешгирифта мебошад.

Сардори факултети №5, капитани милитсия
Нуруллозода Меҳрулло
Сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, полковники милитсия
Сатторзода Абдулаҳад
Муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, лейтенанти калони милитсия
Ҳабибзода Ҳокимҷон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...