Қабули Савганди курсантони Академия - омили муҳими тарбия ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ
Дар ҷомеаи муосир ҳисси ватандӯстӣ ба Савганд ифодаи олии садоқат ба Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Муссалах, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва халқи кишвар барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад.Ҳисси ватандӯстӣ дар ҳар як инсон аз давраи кӯдакӣ ташаккул меёбад. Ватан бузургтарин арзиши маънавӣ ва ахлоқии инсон аст, ки барои вай шахсиятҳои таърихӣ ҷони худро қурбон менамоянд. Таърихи миллати мо гувоҳ аст, ки чӣ гуна фарзандони тоҷик аз қабили Шерак, Спитамент, Темурмалик, Восеъ, Сафар Амиршоев, Саидқул Турунов ва садҳо дигарон ба ҳимояи марзу бум ва Ватан ҷонбозиҳо кардаанд. Дар инкишофи ватандӯстӣ хизматҳои бузурги Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо фарзандони фарзонаи миллат бузург аст.Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносӣ ва ифтихори миллӣ заминаи бузурги ҳисси ватандӯстӣ ба шумор меравад.
Дар моддаи 43 Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст:
«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад».
Чӣ тавре, ки сарчашмаи асоси ҳуқуқ нишон медиҳад, ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас барои кули шаҳрвандон ба шумор рафта, ҳама дастаҷамъона дар ҳифзи он ҳам кормандони МКД, дигар сохторҳои қудратӣ ба ҳар як шахси ватандӯст ба таври фаъол иштирок намоянд. Хизмат дар МКД низ ин яке аз намудҳои ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ва Савганди хеш мебошад. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонуният ин вазифаҳое, ки дар назди кормандони МКД гузошта шудааст, ба ташаккули ватандӯстӣ мусоидат менамояд.Матни Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.1995 таҳти №167 тасдиқ гардидааст.
Дар асоси дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 21-сентябри соли ҷорӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳмонзода С.Ҳ., сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р, роҳбарият ва ҳайати шахсии Академия, Шӯрои собиқадорон ва волидайни курсантон маросими тантанавии қабули Савганди курсантони курси якум баъд аз гузаштан аз давраи машкҳои таълимӣ-саҳроӣ баргузор гардид.
Маросимро сардори Академия оғоз намуда, Суруди миллии Тоҷикистон ба таври зинда хонда шуд. Баъд аз воридшавии Байрақи Академия сухан ба муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. дода шуд,ки дар баромадаш аз номи Вазири корҳои дохилӣ курсантонро ба муносибати Рӯзи қабули Савганд самимона шодбош намуда,аз ҷумла иброз намуд,ки дар шароити ҳозира низ милитсия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба садоқат ба Савганд дар сафҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарор доранд. Имрӯз шаклҳои ҷинояткорӣ мураккаб шуда истодаанд, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра, ки ҳар чӣ зиёд аз кормандон дониш, малака ва маҳорати касбӣ талаб менамояд.Савганд – ваъда, қасами ботантанаи риояи садоқат ба Ватан, ифодаи вазифаи олии маънавии инсон дар чамъияти демократӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби кормандони МКД чуқур дарк намудани вазифаи хизматӣ, инчунин маънавии худ дар назди халқ, давлат ва ҷамъият дар Савганд ифодаи хешро меёбад.
Баъдан курсантон дар вазъи тантанавӣ Савганд қабул намуданд.Сипас аз онҳоро собиқадори ВКД генерал-майори милитсия Имомёрбеков А., волидайни курсантон ба ин рӯзи саид табрик гуфта, ба Пешвои миллат , Вазири корҳои дохилӣ барои шароитҳои бехтарини таҳсил изҳори минатдорӣ намуданд.Дар фарҷом аз ҷониби курсантони курси якум машқҳои якҳарба ва тактикӣ намоиш дода шуд. Рафти чорабиниро оркестри нафасии ВКД ва ҳунарманди шинохта Тобиши Ҳилолӣ ороиши мусиқӣ бахшида, он дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ гузашта, аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.
Дар охир сардори Академия иброз намуд, ки иҷрои бечунучарои Савганд, муҳаббат ба Ватан ва иҷрои софдилонаи вазифаи хизматӣ аз ҳар як корманди МКД, аз ҷумла курсанти Академия масъулияти баландро талаб менамояд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.