Қадрдонии бонувони Академияи ВКД
Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ ва дастгирии бевоситаи сардори Академияи ВКД ба истиқболи сазовори таҷлили 25-умин солгарди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои саривақтии Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 155 нафар занону духтарони Академия дар паради ҳарбӣ дар майдони сафороии Гвардияи миллӣ бо таври фаъол ширкат намуданд.
Қуттии низомии бонувони Академияро подполковники милитсия Хабирова Т., капитани милитсия Пулатова Ф., Улуғбекова С. - курсанти курси дуюми факултети №5 роҳбаладӣ намуданд.
Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ бонувони Академия дар вазъияти тантанавӣ бо Ифтихорномаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.