Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии омӯзишӣ дар хусуси риояи қоидаҳои беҳдоштӣ

291

Санаи 17-уми сентябри соли равон, бо мақсади ҳифзи саломатии кормандону курсантон, мавриди амал қарор додани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои талаботи ҷаласаҳои селектории назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва ҳамзамон дар асоси дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аз ҷониби сардори шуъбаи таълим, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ва сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло дар майдончаи сафороии факултети №5, дар якҷоягӣ бо ҳайати профессорон ва омӯзгорони факултети №5 дар байни курсантони факултет баҳри пешгирии сироятёбии бемориҳои сироятӣ ва риояи талаботи санитариву гигиенӣ дар байни ҳайати шахсӣ чорабинии омӯзишӣ дар хусуси риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва масофаи байниҳамдигарӣ, мунтазам бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ шустани дастон, тамиз намудани ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳо ва роҳравҳои бинои маъмурӣ, пӯшидани ниқоб ва худдорӣ намудан аз истеъмоли нӯшокиҳои зараровар, ки аз маҳсулоти кимёвӣ ба таври сунъӣ омода карда мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Сардори шуъбаи таълим, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло зимни баромади хеш иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Аз ин рӯ, дар раванди таълим тибқи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, инчунин тавсияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ ба роҳ монда шавад. Яъне, курсантон бояд бо ниқобу маҳлулҳои тиббӣ ба дарс ҳозир шаванд ва ҳангоми таҳсил фосилаи ҷисмонӣ ва ё дурӣ аз якдигарро риоя кунанд.

292

Бояд қайд намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои ҳифзи саломатии омӯзгорону курсантон мусоидат менамояд.
Ҳабибзода Ҳокимҷон, муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...