Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни курсантони факултети №5 доир ба иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

522

Дар асоси дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ санаи 15 сентябри соли 2020 дар майдончаи сафороии факултети №5 аз ҷониби сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло дар якҷоягӣ бо курраторони гурӯҳҳои таълимӣ дар байни курсантони факултети №5 чорабинии омӯзишӣ доир ба иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабиниро сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло ҳусни оғоз бахшид. Зимни баромади хеш Нуруллозода Меҳрулло қайд кард, ки иштирок дар ҳаёти сиёсии малакат, аз ҷумла дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Баъдан номбурда аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи раванди интихоботи Президент дар Тоҷикистон ёдовар шуд.

523524

Ҳамчунин ба самъи курсантон Қарори комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Тартиби дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудани намояндагони субъектоне, ки ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ кардаанд” расонида шуд. Бояд қайд намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии курсантон мусоидат менамояд.
Ҳабибзода Ҳ.Т., муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...