Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзномаи «Набзи милитсия» - инъикосгари ҳаёти Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бахшида ба 5-солагии таъсиёбии он)

281Нақши матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори умум дар инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ хеле калон аст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳаи муҳим тавҷҷуҳи хос дода шуд. 19-уми марти соли 2013, таҳти №961 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.
Солҳои зиёд то таъсиси рӯзномаи «Набзи милитсия» ҳаёти ҷамъиятии Академияи ВКД тавассути рӯзномаҳои деворӣ ва нашрияҳои ҷудогонаи идона инъикос мегардид. Маҳз бо туфайли ташаббуси сардори Академияи ВКД, номзади илми ҳуқуқ, досент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ нашрияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Набзи милитсия» таъсис дода шуда, 24-уми августи соли 2015, таҳти №0383/ра дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Боиси тазаккур аст, ки маҳз сардори Академияи ВКД ба таълиф ва нашри рӯзнома роҳбарӣ намуда, ҳамчунин ба ҳайати мушовараи он Раҳимзода Рамазон Ҳамро - Вазири корҳои дохилӣ, Кабирзода Ҷурахон Ҳаким – муовини аввали сардори Академия, Саидзода Зикрулло Алӣ - муовини сардори Академия оид ба илм, Ализода Алиҷон Шариф -муовини сардори Академия оид ба низом ворид гардидаанд. Сармухарририи рӯзномаро журналисти болаёқат Умед Олим ба ухда дошта, дар нашри он шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академия таҳти роҳбарии н.и.ҳ., дотсент, Мансурзода А.М., маркази матбуот, факултету кафедраҳои Академия ба таври фаъол ширкат меварзанд. Дар омода намудани шумораҳои он Шарифзода Ф.Р., Шерализода Ҳ.Ш., Каримова Л.М., Сафарова С.Н., Мукумова Ш.Э., Илёсов Р., Латипов Т., Рашидова М., Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. ва дигарон саҳми доимии худро мегузоранд. Рӯзнома дар чопхонаи «Мега–Принт» бо сифати баланди ранга дар ҳаҷми 8 саҳифа нашр мегардад.
Рӯзномаи «Набзи милитсия» дар байни омӯзгорону курсантон ва кормандони Академия ва берун аз он ҳаводорони зиёд дошта, дар нашрияҳои он матолиби гуногун чоп мешавад, ки аксари мақолаҳо ба қалами худи курсантону омӯзгорон, аъзоёни «Ҷамъиятҳои илмии курсантон» тааллуқ доранд. Дар нашр ва омодасозии рӯзнома кормандони ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» мудом мусоидат менамоянд.
Имсол ба таъсиси рӯзномаи «Набзи милитсия» 5-сол пур шуд, вобаста ба ин ҳамаи ҳайати эҷодии онро ба ин рӯзи муборак табрику таҳният намуда, ба корҳои эҷодии онҳо комёбӣ орзумандем.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр,
Маркази матбуоти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...