Мукофоти давлатӣ бахшида ба рузи Истиқлолияти давлатӣ
Ҳукумат ва давлатӣ Точикистон мудом ба хизматӣ содиқона ва софдилонаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алалхусус милитсия арҷгузори менамояд ва инак дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Академия оид ба низом н.и.ҳ, полковники милитсия Ализода А.Ш. бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тгоҷикистон Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии сарфароз карда шуд. Маросими супоридани ҷоизаҳои давлатӣ дар қасри миллат баргузор гардид.
Роҳбарит ва ҳайъати шахсии Академия аз ин қадрдонӣ ифтихор намуда, полковники милитсия полковники милитсия Ализода А.Ш. ро самимона табрик намуда, ба ȳ бурдбориҳои нав ба навӣ хизматиро таманно доранд.
Сафарзода С., Асламов Б.