Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расми гузашти тантанавӣ ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

275

Дар Академияи ВКД бо ширкати сардори Академия н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсӣ расми гузашти тантанавӣ тантанавӣ ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Даи аввал сардори Академия ҳозиринро ба дастовардҳои солҳои Истиқлолият шинос намуда, сипас сардори шуъбаи кадрхо полковники милитсия Абдулозода А.Ё. фармони Вазири корҳои дохилиро ба муносибати қадрдонии ҳайати шахсии Академияи ВКД ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.
Подполковники милитсия Самиъзода Б.С. бо медали «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», майори милитсия Нуриддинзода С. бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», лейтенанти калони милитсия Насимҷони Давлатмурод бо «Ифтихорномаи фахрии ВКД» қадрдонӣ гардиданд.

276277

Ҷамъомади тантанавӣ бо расми гузашти ҳайати шахсӣ анҷом ёфт.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...