Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкати омӯзгорони Академияи ВКД дар корҳои тарбиявии МТМУ №60 шаҳри Душанбе

272

Имсол дар кишвар 17 август дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ, оғоз гардида буд. Таътили тобистонаи мактабиён ба анҷом расиду хонандагони муассисаҳои умумӣ, миёнаву олии касбӣ бо неруи нав ба дарс шурӯъ карданд.
Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад. Дар ин дарс моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Пешвои миллат дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба хонандагон фаҳмонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки баргузории Рӯзи дониш дар мамлакат имсол ба он хотир ба 17 август гузошта шуд, ки таътили тобистонаи муҳассилин бо Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз 11 май то 16 август (пеш аз муҳлати таътили тобистона) эълон гардид.
Дарин асос моҳи августи соли равон омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Ҳабибзода Ҳокимҷон ва Холов Фирдавс дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и н.Сино, бахшида ба таҷлили Рӯзи дониш дар дарси сулҳ иштирок ва баромад намуда онҳоро бо оғози соли хониши нав ва фарорасии Иди Истиклолияти давлатӣ табрику таҳният намуданд.
Сараввал омӯзгорони Академия оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба кулли хонандагон, падару модарон, аҳли омӯзгорони муассиса ва ба хонандагони дӯстрӯяки даврони истиқлол, ки нахустин бор ба остонаи мактаб қадам гузоштанд аз номи роҳбарияти Академия табрик намуданд.
Баргузории Дарси сулҳ имкон фароҳам меорад, ки хонандагон аз рӯзи аввали таҳсил оид ба моҳияти волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ огоҳӣ пайдо намоянд.

273274

Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳаммул ба даст оварданд.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ ва Истклолият саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...