Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки ҳайати шахсии Академияи ВКД дар паради ҳарбӣ бахшида 25-умин солгарди Гвардияи миллӣ

268

Рӯзи 3-юми сентябр дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон ба инкишофи маънавӣ ва ҷисмонии кормандон таваҷҷуҳ ва ғахории хос зоҳир менамоянд.
Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ ва дастгирии бевоситаи сардори Академияи ВКД генерал-майори милисия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бахшида ба истиқболи сазовори таҷлили 25-умин солгарди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои саривақтии Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 155-нафар занону духтарон беш аз 300-нафар курсантон Академия дар паради ҳарбӣ дар майдони сафороии Гвардияи миллӣ бо таври фаъол ширкат намуданд.
Қутии низомии Академияро сардори Академияи мазкур генерал-майори милисия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва муовини сардори Академия оид ба низом полковники милитсия Ализода А.Ш. сарварӣ намуданд.
Қутии низомии бонувони Академияро подполковники милитсия Хабирова Т., капитани милитсия Пулатова Ф., Улуғбекова С. - курсанти курси дуюми факултети №5 роҳбаладӣ намуданд.

269

Дар тайёр намудани қутии низомии Академия кулли роҳбарияти РКҲШ ВКД, бахусус муовини сардори Академия оид ба низом полковники милитсия Ализода А.Ш. ва сардори шуъбаи кадрҳои Академия полковники милитсия Абдуллозода А.Ё. саҳми амалӣ ва методии худро гузоштанд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...