Амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар Академияи ВКД
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дар амал тадбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №353 аз 03.06.2014 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт варушди истеъдодҳо» пйваста чораҳои зарурӣ андешида, бо ташаббуси Сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашр таҳти роҳбарии муовини сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А., сардори шуъбаи мазкур н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. дар давраи нимсолаи якуми соли 2020 корҳои зиёде ба анҷом расониданд. Бояд зикр намуд, ки корҳои илмӣ -тадқиқотии курсантон василаи муҳими баланд бардоштан ва тайёр намудани мутахассисон ба шумор меравад. Ин имконият медиҳад, ки мутахассисони дорои маълумоти олидошта, қобилияти бештар самаранок ва эҷодкоронаи худро дар фаъолияти амалӣ, комёбиҳои навтарини тараққиёти илму техника истифода баранд. Дар Академия бо мақсади ҷалби мутахассисони ҷавон ба фаъолияти илмӣ - тадқикотӣ кори ҷамъиятҳои илмии курсантон ҷоннок гардонида шуда, аз ҷониби устодони унвони илмидошта онҳо ба тадқиқотҳои илмӣ ҷалб гардида, дар чорабиниҳои зерини илмӣ ширкати фаъол варзиданд:
1. Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Интихобот – ифодагари бевоситаи ҳокимияти халқ” (ш. Душанбе, 26 феврали с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2;
2. Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи Криминалистика» дар мавзӯи «Таърих, ташаккул ва рушди илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ш. Хуҷанд, 05 марти с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети № 4;
3. Мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши нозири минтақавии милитсия дар фаъолияти маъмурӣ” (ш. Хуҷанд, 13 марти с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 4;
4. Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ: назария ва амалия” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ (ш. Душанбе, 31 марти с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи фанҳои ҳуқуқӣ-граждании факултети № 2;
5. Мизи мудаввари академиявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳими тарбияи фарҳангӣ-ахлоқии кормандони МКД” (ш. Душанбе, 01 апрели с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1;
6. Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳисби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои хонаводагӣ” (ш. Душанбе, 03 марти с.2020). Ташкилкунанда - Ҳисби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандони Вазорати адлия, Кумитаи кор ба занон ва оила назди Ҳукумати ҶТ (Давлатшоева А.Ш.);
7. Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами криминалистика ва экспертизаи судӣ” (“Актуальные проблемы криминалистики и судебной экспертизы”) (ш. Иркутск-Душанбе, 13 марти с.2020). Ташкилкунанда – Дрнишкадаи Шарқӣ-Сибирии ВКД Россия (ш. Иркутск) (Раҳмадҷонзода Р.Р., Назаршоев Ф.Ю., Дудиева А.О.);
8. Семинари методии байналмилалӣ дар мавзӯи “«Масъалаҳои муосири таълимии касбӣ: таҷриба ва роҳҳои ҳал намудан» (Современные проблемы профессионального образования: опыт и пути решения) (ш. Уфа-Душанбе, 16 апрели с.2020). Ташкилкунанда – Донишкадаи ВКД Россия (ш. Уфа) (Насуриён П.А., Убайдуллоев Ш.Э.);
9. Вебинар бахшида ба 75-умин солгарди рӯзи Ғалаба бар фашизм ва муаррифӣ намудани китоби «Аскарони ғолиб. Солдаты Победители» (ш. Душанбе, 07 майи с.2020). Ташкилкунанда - Созмони ҷамъиятии «Дӯстони Россия» (Каримова Л.М., Ҳочивалиева Т.А., Дудиева С.О.);
10. мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири муқовимати ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии нашъаҷаллобӣ» («Современные проблемы уголовно-правового и криминологического противодействия накопреступности») (шш.Красноярск-Душанбе, 28 майи с.2020). Ташкилкунанда – Донишкадаи Сибирии ҳуқуқшиносии ВКД Россия (ш. Красноярск) (Мансурзода А.М., Каримова Л.М., Шарифзода П.Р., Музафаров С.З., Дудиева А.О.);
11. Мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба он” ( ш. Душанбе, 21 феврали с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулоддаи факултети № 5 (Нурурллозода М. бо маърӯза дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ҳамчун омили зиёд гардидани ҳолатҳои фавқулодда”, Айдархонзода Ш. – “Мушкилиҳои баҳри Аарал яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим”, Холзода К. – “Таҳдидҳои экологии ҷаҳони муосир ва роҳҳои паст кардани хатари онҳо”, Ҳазратзода Ҷ. – “”Вазъи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон”);
12. Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Интихобот – ифодагари бевоситаи ҳокимияти халқ” (ш. Душанбе, 26 феврали с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 (Юсуфзода А.Ҳ. бо маърӯза дар мавзӯи “Интихобот ҳамчун ифодагарии иродаи халқ”, Алимардонӣ М.У. – Таърихи пайдоиш ва инкишофи институти интихобот дар Тоҷикистон”, Саидзода З.А., Хайруллоев Ф.С. – “Интихобот аз нигоҳи қонунгузори имрӯза ва таълимоти Абӯ Ханифа”, Муҳаммад С.А. “Таҳкими принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Асламов Б.С. – “Аҳамияти ҷанбаҳои сиёсии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қодирзода Ғ.Н. – Шартҳо ва принсипҳои ҳуқуқи интихобот дар ҶТ”, Фаҳриддинзода Ҳ.С. – Аҳамияти интихобот дар давлати демократӣ”, Ҷалолзода С.И. – Низоми интихобот ва хусусияти он дар ҶТ”);
13. Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи Криминалистика» дар мавзӯи «Таърих, ташаккул ва рушди илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ш. Хуҷанд, 05 марти с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети № 4 (Мақсадзода О.И. бо маърӯза дар мавзӯи «Таърихи ташакул ва рушди инкишофи илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Муллобоев М.Р. - «Ҳамкории мақомоти тафтишотӣ оид ба баргузории амалҳои тафтишотӣ бо шӯъбаи ташхисӣ-криминалистӣ»);
14. Мизи мудаввар дар мавзӯи “«Диле, ки ба халқ дода шуд (таҳлили эҷодиёти Мирзо Турсунзода» (Сердце, отаднное народу (анализ творчества Мирзо Турсунзаде) (ш. Душанбе, 04 марти с.2020). Ташкилкунанда – ҶИК “Русское слово” кафедраи забонҳои факултети № 2 (Рауфзода К.Р. бо маърӯза дар мавзӯи «Образ женщины в творчестве Мирзо Турсунзаде», Ҳоҷавалиева Т. - «Литературная деятельность Мирзо Турсунзаде», Максудзода Р.М. - «Взаимодействие поэзии прошлого с современной лирикой в творчестве М.Турсунзаде»);
15. Мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши нозири минтақавии милитсия дар фаъолияти маъмурӣ” (ш. Хуҷанд, 13 марти с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 4 (Абдусатторзода Н.А., ба маърӯза дар мавзӯи «Корҳои профилактикии нозири минтақавии милитсия дар минтақаи маъмурӣ»);
16. Мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» барои курсантони курси 4-уми факултети №4 (ш. Хуҷанд, 19 марти с.2020). Ташкилкунанда кафедраи ФОҶ факултети № 4 (Комилзода З.К., бо маърӯза дар мавзӯи «Таъмини низоми махфият дар фаъолияти корӣ бо ҳуҷҷатҳои махфӣ»);
17. Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ: назария ва амалия” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ (ш. Душанбе, 31 марти с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи фанҳои ҳуқуқӣ-граждании факултети № 2 (Саидзода З.А., Хайруллоев Ф.С. бо маърӯза дар мавзӯи “Танзими ҳуқуқии никоҳ ва талоқ аз нигоҳи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Асламов Б.С. – “Проблемаҳои оилаи муосир: назорати сотсиологӣ ба он”, Валиев С.А. – “Риояи масъалаҳои динӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Абдулаҳадзода А.А. – “Баъзе масъалаҳои қонунгузории оилавӣ”, Аҳмади Зоиршоҳ – “Меъёрҳои ташаккулёбии оилаи солим дар таълимоти Муҳаммад Ғаззолӣ”, Давлатзода Ҳ.М. – “Баъзе масоили парокандашавии оилаҳои ҷавон дар замони муосир”, Назаров Б.М. – “Аҳдномаи никоҳ”);
18. Мизи мудаввари академиявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳими тарбияи фарҳангӣ-ахлоқии кормандони МКД” (ш. Душанбе, 01 апрели с.2020). Ташкилкунанда – кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 (Саидзода З.А., Хайруллоев Ф.С. бо маърӯза дар мавзӯи “Тарбияи фарҳангӣ-ахлоқии кормандони МКД аз мактаби таҳаммулпазирии Имоми Аъзам”, Асламов Б.С. - Актуальность нравственности службы в ОВД на современном этапе”, Алимардонӣ М.У. “Ташкили илмии фаъолияти МКД ва таъсири он ба вазъи психологии ҳайати шахсӣ”, Мирзорустамов М.М. – “Актуальные проблемы деятельности руководителя ОВД по воспитанию сотрудников”, Азимӣ У.А. – “Правовые основы воспитательной работы в ОВД Тджикистана”);
19. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (ш. Душанбе, 05 марти с.2020). Ташкилкунанда – Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ (Хушавхтзода Б.Г. бо маърӯза дар мавзӯи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”);
20. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Раванди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва мушкилиҳо” (ш. Душанбе, 31 марти с.2020). Ташилкунанда – Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ (Мирзорустамов М.М. бо маърӯза дар мавзӯи “Проблемы и перспективы кадрового менеджмента в Республике Таджикистан”);
21. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар замони муосир” (ш. Душанбе, 3-4 апрели с.2020). Ташилкунанда – Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ (Раҳмадҷонзода Р.Р. бо маърӯза дар мавзӯи “Раванди қонунгузории соҳаи муқовимат бо ҷинояткорӣ”);
22. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа” (ш. Душанбе, 17 апрели с.2020). Ташилкунанда – Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии “Мркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ (Сулаймонзода Р. бо маърӯза дар мавзӯи “Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа”).
23. Конференсияи илмӣ-амалиявии байналмилалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами мубориза бар зидди ҷинояткорӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” (Актуальные проблемы борьбы с преступностью: вопросы теории и практики) (ш. Красноярск, 2 апрели с.2020). Ташкилкунанда – Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибири ВКД Россия (Бухоризода Б.Р. бо маърӯза дар мавзӯи “Уголовно-правовая характеристика и некоторые вопросы квалификации нормы и заключении брака в отношении лица, не достигшего брачного возраста”, Ғафуров М.С. – “Проблемы совершенствования законодательства в области борьбы с экстремизмом”);
24. Конференсияи ІІІ умумиукраинӣ дар мавзӯи “Баамалбарории ҳуқуқи инсон дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ” (Реализация прав человека в деятельности правоохранительных органов) (ш. Кривой Риг (Украина), 30 апрели с.2020). Ташкилкунанда – Донишкадаи ВКД Украина дар ш. Донетск (Украина) (Бухоризода Б.Р. дар мавзӯи “Уголовно-правовая характеристика особо квалифицирующих признаков состава преступления – торговли детьми по законодательству Республики Таджикистан», Музафаров С.З. – «Правовые основы деятельности ОВД по предупреждению рецидивной преступности в Республике Таджикистан»);
25. Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши ҷомеа ва ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва профилактикаи ҳуқуқвайронкуниҳо” (Роль общественности и взаимодействие с правоохранительными органами в предупреждении и профилактике прановнарушений) (ш. Актобе (Қазоқистон), 15 майи с.2020). Ташкилкунандагон - Ҳукумати вилояти Актобе, Прокуратураи вилости Актобе, Департамени политсияи вилояти Актобе, Донишгоҳи давлатии минтақавӣ бо номи К. Жубанов, Маркази тадқиқотҳои илмӣ ва махсус” (Юсуфзода А.Ҳ. бо маърӯза дар мавзӯи “О профилактической деятельности органов внутренних дел Республики Таджикистан”);
26. Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами криминалистика ва экспертизаи судӣ” (“Актуальные проблемы криминалистики и судебной экспертизы”) (ш. Иркутск-Душанбе, 13 марти с.2020). Ташкилкунанда – Дрнишкадаи Шарқӣ-Сибирии ВКД Россия (ш. Иркутск) (Самиев Н.М. бо маърӯза дар мавзӯи “Актуальные проблемы криминалистики и судебной экспертизы в Таджикистане”);
27. Семинари методии байналмилалӣ дар мавзӯи “«Масъалаҳои муосири таълимии касбӣ: таҷриба ва роҳҳои ҳал намудан» (Современные проблемы профессионального образования: опыт и пути решения) (ш. Уфа-Душанбе, 16 апрели с.2020). Ташкилкунанда – Донишкадаи ВКД Россия (ш. Уфа) (Насуриён П.А. бо сухани ифтитоҳӣ, Самиев Н.М. бо маърӯза дар мавзӯи «Проблемы подготовки профессиональных кадров на пороге реформирования органов внутренних дел Республики Таджикистан» (Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисос дар арсаи ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
28. Тренинги омӯзишӣ оид ба омода намудани тренерон бо мақсади татбиқи раванди ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои интерактивӣ дар фаъолияти таълимӣ» (ш. Душанбе, 3-5 марти с.2020). Ташкилкунанда – Ташкилоти Saferworld дар Тоҷикистон (Арипов А.Л., Бобоҷонов Н.М., Назаршоев Ф.Ю., Нуриддинзода С.Н., Шарифзода П.Р., Амоналлои Х.);
29. Бо намояндагони филиали GOPA мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) Корин Диманж, Шакарбек Ниятбеков ва Елена Максименко ҷиҳати пурқувват намудани ҳамкории дутарафа оид ба масъалаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (ш. Душанбе, 22 январи с.2020). Ташкилкунанда – ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД (Саидзода З.А., Мансурзода А.М., Шарифзода П.Р., Каримова Л.М.);
30. Дар доираи муносибати дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамгироӣ, инчунин, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан ба низоми таълимӣ, хусусиятҳои ташкил намудани раванди таълим дар Академияи ВКД вохӯрӣ бо гуруҳи кории ҳамоҳангсозии ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар роҳбарии сардори Раёсати мубориза зидди терроризм ва эстремизми Сарраёсати ВКД дар шаҳри Тошкант, подполковник Ҷамолов Отабек Атоевич (ш. Душанбе, 29 январи с.2020). Ташкилкунанда – РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе (Саидзода З.А., Ализода А.Ш., Собирзода А.Ҷ., Одиназода А.Ш., Сафарзода Ҳ.С., Самиев Н.М., Каримова Л.М., Сафарова С.);
31. МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ.20.03.2020.Баҳри иҷроиши банди 1 фасли 4-и нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва методии кафедраи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯии факултети №4-уми Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, инчунин тибқи Низомнома «Оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар факултети №4 ҷамъиятҳои илмии курсантон амал мекунад, ки роҳбарии онҳоро омӯзгорони кафедраҳо ба ӯҳда доранд.
Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, сатҳи касбии курсантон, мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ба курсантони курси 4-уми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19-уми марти соли 2020, баргузор гардид..
Сараввал бо сухани ифттитоҳӣ подполковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ғафуров М.С. баромад намуда, ҳусни оғоз бахшид.Баъдан аз ҷониби муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, подполковники милитсия Комилзода З.К., дар мавзӯи «Таъмини мизоми махфият дар фаъолияти корӣ бо ҳуҷҷатҳои махфӣ» баромад намуд. Сипас, курсантони курси 4-ум сержанти хурди милитсия Маллаев А. дар мавзӯи «Танзими сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»» ва милитсияи қаторӣ Нуруллоев Б. дар мавзӯи «Танзими сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тавассути дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шунида шуда, дар охир ба тариқи суолу ҷавоб ба мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суҳбатҳо гузаронида шуд, ки он хеле ҷолибу хотирмон буд.
32. ОЗМУН ДАР САМТИ «ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ».24.04.2020.Дар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷуён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.Баҳри амалӣ намудани супориши Сарвари давлат, бо дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» озмун ташкил карда шуд.Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, сатҳи касбии курсантон, ки пайравони Ниҳонӣ ҳастанд, дар нимсолаи аввал давраи аввали озмун баргузор гардид. Ҳоло бо фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Шарифзода Ф.Р. санаи 21-уми апрели соли 2020 марҳилаи якуми ҷамъбасти озмун дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба тариқи саволномаҳои тестӣ 82 нафар ғолибони даври дуюм бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд ва аз 82 нафар иштирокчиён 13 нафар ғолиб баромаданд.
Ба марҳилаи дуюми ҷамъбасти озмун 13 нафар курсантон роҳхат гирифтанд. Мувофиқи талаботи ин марҳила ба тариқи шифоҳӣ аз тарафи комиссия сатҳи дониши назариявӣ- оперативӣ ва ҷаҳонбиниву фикрронии курсантон санаи 23-юми апрел дар факултети №4 санҷида шуда, баҳо то 5 хол муайян карда мешавад. Ҳайати комиссияи озмун курсантони ғолибшударо ба даври сеюми озмун дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
33. ОЗМУНИ «КУРСАНТИ БЕҲТАРИНИ САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ»Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. давраи навбатии озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2020 эълон гардида буд, аз тарафи комиссияҳои босалоҳият натиҷаҳои он ҷамъбаст карда шуд.
Комиссия рӯзҳои 14-17-уми апрели соли 2020 дар факултетҳои №2, ва №6 фаъолияти худро дар асоси талаботи Низомномаи озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академияи ВКД ба роҳ монда, озмун ҷамъбаст ва ғолибонро муайян намуд.
Бояд қайд намуд, ки озмун вобаста ба давраҳои омӯзиши фан ва курсҳои таълимии самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар байни курсантони курсҳои 1-5 факултетҳои №2, 4 ва 6 Академия дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад.
Дар давраи навбатии озмун курсантони курси сеюми факултети №6 ва курсҳои чоруми факултетҳои №2 Академия дар доираи мавзӯъҳои омӯхташуда аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сабқат намуданд. Аз байни 230 нафар курсантони курси чоруми факултети №2 шумораи 55 нафар ва аз байни 52 нафар курсантони курси сеюми факултети №6 шумораи 35 нафар курсантони нисбатан донишашон беҳтар дар марҳилаи ибтидоии озмун барои иштирок дар давраи навбатӣ интихоб гардиданд. Даври навбатии озмун аз рӯи се марҳила санҷиши тестӣ, саволу ҷавоби назариявӣ ва ҳалли супоришу масъалаҳо баҳогузорӣ карда шуда, ғолибони ҷойҳои аввал муайян карда шуданд.
Ғолибони озмун дар байни курсантони курси чоруми факултети №2 Академияи ВКД инҳо дониста шуданд:
Ҷои аввал бо 42 хол - сержанти хурди милитсия Бобоева Шаҳзода Мирзораҷабовна;
Ҷои дуюм бо 41 хол - милитсияи қаторӣ Назаров Беҳрӯз Ҷумаевич;
Ҷои сеюм бо 39 хол - ду нафар милитсияҳои қаторӣ Муҳаммадиев Амиршо Фарҳодҷонович ва Мирзоев Баҳодур Абдулҳадович.
Ғолибони озмун дар байни курсантони курси сеюми факултети №6 Академияи ВКД инҳо дониста шуданд:
Ҷои аввал бо 43 хол - милитсияи қаторӣ Абдулоев Хуршед Шуҳратович;
Ҷои дуюм бо 42 хол - милитсияи қаторӣ Чилаев Ҷаҳонгир Сулаймонович;
Ҷои сеюм бо 37 хол - ду нафар милитсияҳои қаторӣ Мирзозода Рустами Ризвон ва Ҷуразода Муҳаммадҷони Акрам.Дар байни курсантони курси чоруми факултети №2 курсантон Ҳалимов А.А., Айнудинзода А.Қ., Изатов А.Ф., Халилов Ш., Салимов К.Х., Эгамов Ҷ.А., Мирзоев И.Ҳ., Собиров Р., Сайёд Д., Сафиев М.Ш. ва миёни курсантони курси сеюми факултети №6 Салиев Р. Содиқов М. Каримов Ҳ.И. Талбонзода Ш.И. Малаев С.Б., ки нисбатан ба ғолибон холҳои камтарро соҳиб гардиданд, иштирокчиёни фаъоли озмун пазируфта шуданд.
Ғолибони озмун баррои қадрдонӣ намудан бо мукофотҳо ба роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
34. ВИКТОРИНА ДАР МАВЗӮИ «ПЕШГИРИИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТӢ».17.04.2020.Рӯзи 17-уми апрели соли 2020 дар синфхонаи махсус оид ба омода намудани мутахассисон дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизми бинои факултети №6-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ викторина дар мавзӯи «Пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ» таҳти роҳбарии сардори кафедра, полковники милитсия Тоҷиддинзода Наҷмиддини Тоҷиддин бо иштироки омӯзгорони кафедра, подполковники милитсия Ёров Назрихоҷа Ҳабибуллоевич, капитани милитсия Муродов Фарҳодҷон Абдухолиқович, сардори кабинетҳои махсуси кафедра, лейтенанти милитсия Искандарзода Мансур Абдусалом ва курсантони курсҳои 1 ва 2 факултети №6, баргузор гардид.Викторинаи номбурда аз се давраи зерин иборат буд: даври аввал муаррифии гурӯҳҳо, даври дуюм саволу ҷавоб, дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва даври сеюм тартиб додани ҳуҷҷатнигорӣ.Мақсади баргузории викторинаи мазкур ин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии курсантон дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мебошад.
Дар викторина курсантони гурӯҳҳои ширкатварзида фаъолонокӣ нишон дода, дар ҷамъбасти викторина аз ҷониби раис ва аъзои ҳакамон ба гурӯҳҳо баҳои баробар дода шуд.
Хамин тариқ, роҳбарият ва шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашри Академия дар якҷоягӣ бо факултетҳо ва кафедраҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки минбаъд ҳам дар асоси дастуру талаботҳои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш аз 17-августи соли 2020 ва талаботҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №353 аз 03.06.2014 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт варушди истеъдодҳо» бо эълон намудани «Соли омӯзиши ФОҶ дар Академияи ВКД» таквият бахшанд.
Асламов Б.С., Одинаев Ш.И., Дудиева А.О. - ходимони илмии Академияи ВКД