Вохӯрии кормандони Академияи ВКД бо донишҷӯён ва омȳзгорони Колеҷи тарбияи ҷисмонӣ
Бо супориши роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31 августи соли 2020 бо иштироки муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, подполковники милитсия Шарифзода В. дар толори калони маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Колеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, бо донишҷӯёну омӯзгорони он вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба мавзӯъҳои «Вазъи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои дар ин самт анҷомдодашуда ва роҳҳои пешгирии хуруҷи бемории мазкур (то 25 августи соли 2020)” ва “Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон” баромад намуданд.
Сафарзода С.Н.