Корҳои ободонию созандагӣ дар заминҳои вобасташудаи Академияи ВКД
Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳалли зист ва кории худ ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии мост. Бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атрофи Академия ва заминҳои вобастабудаи Академия маъракаи ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ бо роҳбарии сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло ва муовини сардори шуъбаи кадрҳои Академия, полковники милитсия Иброҳимзода Қурбон ташкил ва гузаронда шуд.
Дар раванди баргузории шанбегии мазкур кормандон ва курсантони факултети №5 бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона ҷалб карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки шахсони вобасташуда бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳаншиносӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан ва нарм намудани бехи онҳо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атрофи заминҳои вобасташудаи Академия дар алоҳидагӣ ва пойтахти кишвар дар маҷмӯъ кӯшиш ба харҷ медоданд. Чунин шанбегиҳои дастаҷамъона минбаъд низ дар радифи иқдомҳои ободкоронаи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд ёфт.
Сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия
Нуруллозода Меҳрулло
Муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия
Ҳабибзода Ҳокимҷон