Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирҳои тақвиятбахши роҳбарияти Академия дар соли омӯзиши ФОҶ

257Фанни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» яке аз фанҳои асосӣ ва тахассусии курсантону шунавандагони Академияи ВКД ба ҳисоб рафта, дар нақшаи таълимии факултетҳо барои омӯзиши он соатҳои лозимӣ чудо карда шудааст. Ҳамчунин бо заҳматҳои Вазири корҳои дохилӣ доктори илми хуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи ҷумҳурӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ оиди ин фанни муҳим дар Академияи ВКД муҳайё карда шудаанд. 

Дар дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин, миёни курсантону шунавандагон, аз ҷумла хуб азбар намудани нозукиҳои фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мавсуф пешниҳод кард, ки «Бигзор соли нави таҳсили 2020-2021 соли омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ эълон карда шавад».
Дар ин асос ба роҳбарият ва устодони Академияи ВКД супориш дода шуд, ки вазифаҳои хизматии хешро сидқан баҷо оварда, раванди донишомӯзии муҳассилинро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Сардори Академияи ВКД, номзади илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ва супориши Вазири корхои дохилиро ба муносибати Рӯзи дониш ба инобат гирифта, ҷаласаи машваратӣ гузаронида, ба ҳамаи роҳбарони сохторҳои Академия супориш доданд, ки дар ин самт бевосита ширкат намуда, шавқу завқи курсантонро бедор намуда, барои иҷрои саривақтии супориши Вазири корҳои дохилӣ нақшаи муккамалро пешниҳод намуда, ба омӯзиши ФОҶ баъд аз дарсҳои ҳатмӣ низ аҳамияти зарурӣ дода, аз кори китобхонаҳо ва устодон самаранок истифода баранд. Омӯзгорони Академия, бояд дар таълиму тарбия, ба роҳи дуруст сафарбар намудани курсантон, соҳибмаълумот гардидани онҳо дучанд заҳмат кашанд ва аз ҳар як курсанту шунавандаи ин боргоҳи илму маърифат фаъолона иштирок намудан дар дарсҳо, риояи бечунучарои тартибу низом, мутолиаи китобҳои илмиву бадеӣ ва соҳавӣ талаб намоянд. Мавсуф дар идомаи суханронии худ барои дастгириҳои пайваста ва ҳамешагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба раванди таҳсили курсантону шунавандагон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро арзи сипосу миннатдорӣ намуданд, ки нисбати таълиму тарбия дар Академияи ВКД таваҷҷуҳи хоси шахсӣ зоҳир менамоянд.
Сафарова С.Н., Асламов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...