Тадбирҳои пешгирии сирояти короновирус дар байни ҷомеа
Рӯзи 17-уми августи соли ҷорӣ дар Рӯзи дониш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба хатари сирояти короновируси нав COVID-19 ва пешгирии сирояти ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал гуфта гузашта, тавсияҳои муфид доданд.
Инчунин дар ин рӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохӯрӣ бо афсарон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш оид ба ҳифзи саломатии онҳо ва аҳли ҷомеа суханронӣ намуда, ҳамаи моро аз сироятёбии ин беморӣ ҳушдор доданд.
Ҳоло мо ба таваҷҷуҳи шумо маълумотро дар бораи пешгирии ин вабои аср пешкаш менамоем. Дар давраи гардиши фаъолонаи ангезандаҳои зуком, сирояти коронавирус ва дигар ангезандаҳои сирояти шадиди вируси роҳҳои нафас бо мақсади пешгирӣ, сироятёбии худ ва ба хотири бехатарии атрофиён, кадом корҳоро бояд ба анҷом расонид?
Пеш аз ҳама қайд кардан ба маврид аст, ки ангезандаҳои бемориҳои мазкур қобилияти баланди сирояткунӣ доранд ва аксаран бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ мегузаранд. Дар ҳолати атса ва атсазанӣ дар ҳавои атроф шахси бемор қатраҳои микроскопии оби даҳон, балғам ва дигар тарашуҳоти нафасӣ паҳн мешаванд, ки дар таркиби худ вирусҳои хеле зиёди ба чашм ноаёнро ихроҷ менамоянд. Калонтарин қатраҳо дар ашёҳо тахмин мешаванд, ки аз ҳама зараҳои хурдтарин муддати дароз дар фазо боқӣ монда то чандсад метр интиқол меёбанд. Ин вирусҳо қобилияти сирояткунии худро аз якчанд соат то якчандрӯз нигоҳ медоранд. Тадбирҳои асосии профилактикаи беҳдоштӣ ба пешгирӣ аз тамоси одамони солим ба зараҳои тарошуҳоти вирусии одамони сиҳат равона мебошад.
Ҳангоми риояи қоидаҳои беҳдоштӣ имконият медиҳад, ки хавфи сироят ё паҳншавии минбаъдаи зуком, сирояти коронавирус ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас коҳиш дода мешавад.
Шустани дастҳо бо собун ё маводҳои антисептикӣ, баъди баргаштан аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, пас аз қазои ҳоҷат, кор бо компютер, пеш аз омода кардани хӯрок на кам аз 20 сония сипас хушк намудани дастонро фаромуш набояд кард. Бо дастони нопок ба рӯй ва чашмони худ нарасед.
Ҳангоми дастрас набудани об ва собун шумо метавонед аз маҳлулҳои безараргардонии спиртӣ истифода намоед. Агар зарурати расидан ба чашмҳо ва бинӣ пеш ояд бояд дастмолҳои якдаъфаинаро ба кор баред.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, коргоҳҳо, кӯчаҳо ва ҷойҳои серодам аз ниқобҳои яккарата истифода намоед. Ниқобҳои худро пас аз 2-3 соат иваз намуда дигарҳояшро ва қуттиҳои партобпарто пароед онҳоро дуюм маротиба истифода набаред.
Ҳангоми алоқаи наздик ва буду бош дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосиларо нигоҳ доред, бо шахсоне, ки аломатҳои намоёни бемориҳои роҳҳои нафасро (сулфа, атса, обравӣ аз бинӣ)-ро доранд наздик нашавед ва бо онҳо бо даст салом накунед.
Дар вақти вохурӣ бо якдигар бӯса кардан ва якдигарро ба оғӯш гирифтан низ манъ аст. Ҳуҷраҳои худро зуд-зуд тоза намуда, ҳавои онро низ тоза нигоҳ доред. Аз сачоқхои умумӣ, дандоншӯякҳои умумӣ худдорӣ намоед.
Хулоса, тадбирҳои пешгирикунанда ин ягона роҳи наҷотёбӣ аз сирояти коронавирус ба ҳисоб рафта, риояи он барои ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳатмӣ
мебошад.
Авазшо Ҳабибуллозода, курсанти курси 3-юми факултети №2, Академияи ВКД, милитсияи қаторӣ