Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвати доно илму дониш аст

252

Бо таъсисёбии Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти олимони ҷавон дар сатҳи пешниҳод ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ бартараф гардида, алҳол шароити мусоид пурра фароҳам оварда шудааст. Инак, тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2020, № 62 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-059 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D030100 – ҳуқуқшиносӣ ва 6D030300 –Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуд.
Ба шӯрои мазкур баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; 12.00.09 – Мурофиаи ҷиноятӣ ва 12.00.12 – Криминалистика; фаъолияти судӣ-экспертӣ; фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ иҷозат дода шудааст. Ба узвияти он олимони Академияи ВКД низ - Раҳимзода Рамазон Ҳамро - доктори илми ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., сардори факултети № 1 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., сардори факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С., сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Самиев Н.М. пазируфта шудаанд.

253254

Ба даст овардани илму донишу маҳорат ба осонӣ ба даст намеояд ва шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ мекӯшад, гарчанде душвор ҳам бошад, бо тамоми норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд чизе омӯзад, то олим гардад, зеро шахси донишманд соҳибобрӯст. Донишу илм ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад. Инак, бори аввал санаи 25 августи соли 2020 Шӯрои мазкур зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Шарипов Тақдиршоҳ фаъолияти худро оғоз намуд ва хушнуд аз он аст, ки яке аз аввалинҳо шуда, зери роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Сафарзода Ҳаёт Сайдамир унвонҷӯ, дотенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД, майори милитсия Ҳайдарзода Мурод Пирмаҳмад рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Проблемаҳои мукаммалсозии қонунгузорӣ ва квалификатсияи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ихтисоси 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо муввафақият дифоъ намуд. Бояд иброз намуд, ки унвонҷӯ М.П. Ҳайдарзода якумин хатмкунандаи шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД мебошад ва рисолаи илмиашро пурра дар ин муассисаи бонуфуз тайёр ва то ҳимоя расонд.
Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҳимоя намудани дисертатсия мавсуфро бо самимияти саршор таҳният гуфта, пирӯзиҳои нав, пешрафту фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш ва сарбаландию сарфарозӣ таманно менамояд.

255

Роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД умедвор мебошанд, ки дар Шӯрои навтаъсиси 6D.KOA-059 олимони ҷавон рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмию таҳқиқотии худро пешниҳод намуда, барои пешрафти илми ҳуқуқшиносии кишвар ва васеъгардонии фазои илмию эҷодии Тоҷикистон саҳми арзишмандии худро мегузоранд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...