Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкорҳои байнамилалӣ ва ёрмандии судманд ба Академияи ВКД

250

Дар доираи ҳамкориҳои судманди созмонҳои байналмилалӣ ва Академияи ВКД Созмони байналмилалии «ТҶҶ Афиф» вобаста ба паҳншавии пандемияи Covid-19 баҳри беҳдошт ва пешгирӣ аз он ба суроғаи Академия теъдоди зиёди таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои яккарата, ҳароратсанҷ ва дигар лавозимоти заруриро ройгон ҳамчун ёрии башардӯстона ҳадя намуданд.

Дар даромадгоҳи Академияи ВКД меҳмонони Созмони мазкурро рохбарият ва кормандон самимона истиқбол намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи мазкур ба онҳо барои ин иқдоми наҷиб изҳори миннатдорӣ намуданд.

251

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Академияи ВКД ва шуъбаи тиббии он баҳри саломатии кормандон ва курсантон мудом чорабиниҳои тақвиятбахши саривақтӣ меандешанд.
Сафарова С.Н., Асламов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...