Нақши қабули Савганд дар тарбия ва баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастии курсантон
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳангоми шомил шудан ба сафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳар як сарбоз, курсант ва корманд бояд тантанавор Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбари-кунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намояд.
Дар ин бобат лозим ба ёдоварист, ки «Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 1995 таҳти №167 тасдиқ шудааст.
Санаи 24-уми августи соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи иҷрои нақша-чорабиниҳои асосии Коллеҷ маросими қабули Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби курсантони курси якуми Коллеҷ дар соли хониши 2020-2021 баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, падару модарони курсантони курси 1-ум ва меҳмонони зиёде иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавиро оид ба қабули Савганди курсантони курси 1, иҷрокунандаи вазифаи директори Коллеҷ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. кушода эълон намуда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, сарраёсат, меҳмонон ва падару модаронрони курсантони курси 1-умро барои ба ин даргоҳи маърифат, илму дониш, Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қадам ранҷа намуданашон хайру мақдам гуфта, курсантони курси 1-умро огоҳ намуд, ки Шумо курсанто-ни азиз тантанавор дар назди роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсат, Коллеҷ, падару модар ва меҳмонон Савганд ёд намудед, ба Савганди ёд намудаи худ мардонавор сазовар бошед. Ба Ватан, мардуми кишварамон ва Президент ҳамеша содиқ бошед. Корманди ҳушёр, ҳақиқатҷӯ ва боинтизом бошед. Ҳамаи талаботҳои Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоед. Сирри давлатӣ ва хизма-тиро махфӣ нигоҳ доред. Талаботи оинномаҳо ва фармонҳоро софдилона ва бечунучаро риоя намуда, барои муҳофизати сохти конститутсионӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар мавриди зарурӣ ҳатто ҳаёти худро дареғ надоред, гуфта онҳоро ба муносибати қабули Савганд табрик намуд.
Баъдан намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсат, волидайни курсантон ҳамаи курсантонро доир ба тантанавор қабул намудани Савганд табрик намуда, дар ҷодаи аз барнаму-даашон илму дониш роҳнамоӣ намуданд.
Сипас, чорабиниро курсанти курси 2-юми Коллеҷ, қатории хизмати дохилӣ Азизов А. ва курсанти курси 1-уми Коллеҷ, қатории хизмати дохилӣ Мирзоализода С. ранги идона бахшида суханҳои табрикотӣ гуфта, ҳамзамон қайд намуданд, ки чунин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро сармашқи кори худ намуда бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд, дар охир аз эҷодиёти шахсияшон шеърҳо қироат намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки пайи ҳам гузаронидани чунин чораби-ниҳо метавонад ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим таъсири мусбӣ расонад ва ҷаҳонбинии курсантонро васеъ намуда, ҳисси меҳанпарварии онҳро боло бардорад.
Буризода Х.Б., муовини директори МДТ «Коллеҷи оташни-шонӣ - техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», полковники хизмати дохилӣ.