Маҳфили китобхонӣ дар Академияи ВКД
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дар амал тадбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ аз 17-августи соли 2020 бо ташаббуси сардори Академия, н.и.ҳ. дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар ҳамаи факултетҳои Академия толорхои алоҳидаи китобхонӣ ҷудо карда шуда, бо адабиёти зарурӣ таъмин карда шуданд.
Шунавандагону курсантони Академия баъди анҷоми соатҳои дарсӣ ва курсантони курси якум дар баробари гузаштани лагери саҳрои-таълимӣ вақт ҷудо намуда, аз ин толорҳо самаранок исифода бурда, ба мутолиаи асарҳои адибони тоҷик ва ҷаҳонӣ аз назик ошноӣ пайдо менамоянд.
Дар баробари ин дар Академия китобхонаи электорнӣ дар нази шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, китобхонаи умумӣ ва китобхонаҳои махсуси соҳавӣ амал менамоянд, ки аз адабиёти илмӣ ва бадеӣ бой буда, кормандони Академия аз он истифода мебаранд.
Бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ д.и.ҳ., Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, досент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро соли хониши 2020-2021 дар Академия «Соли омӯзиши фанни ФОҶ» эълон гардидааст, аз ин рӯ шунавандагону курсантон тасмим гирифтанд, ки онро бо баҳои хубу аъло, қироати китобҳои сершумор ҷамъбаст намоянд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.