Омодагӣ барои гузаронидани ҷамъомади таълимӣ - саҳроӣ
Бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани ҷамъомади таълимӣ – саҳроӣ бо курсантони курси 1-уми факултети № 4, қабули 2020 аз тарафи роҳбарияти факултет, шахсан аз тарафи сардори факултети № 4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда мавриди иҷро қарор доранд.
- Лоиҳаи фармон ва нақша оид ба гузаронидани ҷамъомади таълимӣ - саҳроӣ бо курсантони курси 1-уми (қабули 2020) факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо ба сардори Академия пешниҳод карда шудааст. Шахсони мутасаддие, ки дар ҷамъомади таълимӣ - саҳроӣ сафарбар карда мешаванд, вазифадор карда шудааст, ки мӯҳлат то 16.08.2020 ҳуҷҷатҳои заруриро доир ба ӯҳдадориҳои вазифавиашон омода намоянд. Ҳамчунин кормандони қисми таълим ва низомӣ вазифадор карда шуданд, ки дар муддати муайяншуда ҳуҷҷатҳои заруриро, аз лиҳози ҷадвали дарсӣ, ҳуҷҷатҳои ситод, ӯҳдадориҳои хизматӣ ва плакату аёниятҳо барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, омода намуда, дар ҷойи намоён ва дастрас овезон кунанд.
Бояд қайд намуд, ки чун ҳамасола ҷамъомади таълимӣ- саҳроии курсантони курси якум дар ҳудуди факултет, яъне дар қисмати болои он, гузаронида мешавад. Айни ҳол 90 % барои қабул ва гузаронидани ҷамъомад омода карда шудааст. Хобгоҳи курсантон бо катҳо, ҷиҳози бистарӣ ва курсиву мизҳои наздикатӣ таъмин мебошанд. Ҳамаи ҳудуди ҷамъомад гирду атрофи хобгоҳи курсантон, минтақаи дастурӯшӯӣ ва ҳоҷатхона чароғон ва равшан карда шудааст. Инчунин дар минтақаи гузаронидани ҷамъомади таълимӣ - саҳроӣ бо иштироки бевоситаи сардори факултет ва кормандон шанбегӣ ташкил карда шуда корҳои тозакунӣ, сафедкунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар қисмати болои хобгоҳи ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ барои курсантон шаш нуқта барои дастурӯшӯӣ ва 3 нуқта барои оббозӣ, омода карда шудааст. Ин ғамхориҳо барои ба таври зарурӣ риоя намудани қоидаҳои санитариву гигиенӣ мебошад, зеро ки ин рӯзҳо дар тамоми манотиқи ҷаҳон пандемияи вируси «корона» таҳдид карда истодааст, риояи ин қоидаҳо ҳатмӣ мебошад.
Барои курсантон як шароити хуб фароҳам оварда шудааст, яъне ҷойҳои хоб ва роҳравҳо бетонпӯш карда шуда тозаву озода мебошад. Дар саҳни ин минтақа дарахтони сояафкан мавҷуд мебошанд, ки курсантон метавонанд дар сояи он дарахтон истироҳат намоянд. Ба ғайр аз мавзеи ҷамъомад дар дигар ҳудудҳои факултет низ бо дасгирии сардори факултет корҳои ободонӣ гузаронида шудааст, ки ин ҳам барои таълиму тарбияи дурусти курсантон, мусоидат менамояд.
Шӯъбаи хоҷагидорӣ вазифадор карда шудааст, ки то саршавии ҷамъомади таълимӣ - саҳроӣ маводи хӯрока захира карда шавад. Дар ин самт корҳо идома доранд. Барои таъмини хӯрока дар ҳисоби факултет, дар Шӯъбаи таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маблағи зарурӣ мавҷуд мебошад ва дар рӯзҳои наздик маводи хӯрока: орд, равған, гӯшт, макарон, гречка, сечка, перловка ва дигар маводҳои зарурӣ ба факултет ворид карда мешавад. Ба ғайр аз ин дар амбори факултет низ маҳсулотҳои хӯрокворӣ: 837 кг гречка, 685 кг биринҷ, 500 кг ярмаи ҷавӣ, 246 кг равғани растанӣ, 1755 кг орди навъи 1-ум, 930 кг шакар, 887 дона консерваи гӯшт, 566 дона консерваи моҳӣ, 40 кг хамираи помидор ва ғайра мавҷуд мебошад.
Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷамъомади таълимӣ-саҳроии қабули 2020-ро дар сатҳи баланди касбӣ ташкил намуда, курсантонро дар руҳияи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарастӣ тарбия намояд. Омӯзгорони факултети № 4 аз рӯзҳои аввали таҳсили курсантон дар ин макотиби олӣ, масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз масъулияти баланд, ташаббус ва назорати роҳбарияти факултет ва ҳамзамон оштинопазирии омӯзгорон ва кормандони факултет ба таълиму тарбияи курсантон таъсири мусбӣ расонида, ҳама гуна омилҳои манфӣ дар факултет,пешгирӣ карда мешаванд.
Муҳаммадиев Н.Б., муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия.