Раванди чорабиниҳои профилактикӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус (COVID -2019) дар МДТ «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Бо мақсади ҳифзи саломатии кормандону курсантон мавриди амал қарор додани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ҳамзамон иҷроиши талаботи ҷаласаҳои селектории назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. оид ба таъмини иҷрои Протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ доир ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-2019) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2к/59-25 аз 24 июни соли 2020 ҷиҳати омодагӣ ба оғози соли хониши 2020-2021 дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри пешгирии сироятёбии бемориҳои сироятӣ ва риояи талаботи санитариву гигиенӣ дар байни ҳайати шахсӣ дар хусуси риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва масофаи байниҳамдигарӣ, мунтазам бо собун ва маҳлулҳои антисептикӣ шустани дастон, таъмиз намудани ҳуҷраҳои корӣ ва роҳравҳои бинои маъмурӣ, пӯшидани ниқоб ва худдорӣ намудан аз истеъмоли нӯшокиҳои зараровар, аз қабили «Кока-кола», «Арси-кола», «Фанта» ва монанди инҳо, ки аз маҳсулоти кимёвӣ ба таври сунъӣ омода карда мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам гузаронида шуда истодааст.
Вобаста ба безараргардонӣ ва муҳаё намудани лавозимотҳои муҳофизатӣ ва риояи гигиенаи шахсии ҳамарӯза чораҳои таъҷилӣ андешида шуда утоқҳои корӣ, синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои хизматӣ бо маҳлулҳои антисептикӣ, салфеткаҳои намнок, пиёз ва сирпиёз таъмин карда шуда, ҳар рӯзе ду маротиба ҳазорисфанд дуд дода мешавад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар партави иҷрои талаботҳои назардошти таҳсили 2020-2021 аз ҷониби мутахассисони тиббии Коллеҷ ҳолати сиҳатии курсантон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, вазъи саломатии онҳо муфассал санҷида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ҳайати шахсии Коллеҷ бо ниқобҳои муҳофизатии инфиродӣ таъмин карда шуда, истифодаи доимии он таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст.
Дар нуқтаи назоратии гузаргоҳи Коллеҷ роҳрави дезинфексионӣ (дезоковрик) гузошта шудааст, ки пойафзолҳо дар онҷо тамиз карда мешаванд ва маҳлулҳои безараргардонӣ (антисептик, спирт) гузошта шудааст, ки ҳангоми воридшавӣ ба Коллеҷ дастони ҳамаи нафарон бо маҳлулҳои безараргардонӣ тамиз (дезинфексия) карда мешаванд. Ҳангоми ворид шудани кормандон ва курсантон ба дохили Коллеҷ ҳарорати бадани онҳо санҷида шуда дар китоби махсус нишондодҳо қайдгузорӣ мегардад.
Илова бар он, дар асоси шартномаи басташуда бо шуъбаи махсуси карантинии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави бемории коронавирус санаи 16-уми августи соли 2020 дар ҳудуди Коллеҷ аз он ҷумла ҳуҷраҳои кории кормандон, синфхонаҳо, хобгоҳҳо, ҳамомхонаву ҳоҷатхонаҳо, ошхона, майдончаи сафороӣ, толори маҷлисгоҳ ва варзишӣ, анборхонаҳо ва роҳраву зинапояҳо бо сифати баланд аз тарафи кормандони шуъбаи махсуси карантинӣ корҳои таъмизкунӣ (дезинфексия) гузаронида шуд, ки масоҳати умумии он зиёда аз 2000 метри мурабаро ташкил медиҳад.
Роҳбарияти Коллеҷ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ тамоми кӯшишу фаъолияти худро барои таъмини иҷроиши талаботу фармону дастурамал ва супоришу дастурҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ҳифзи саломатии мардуми шарафманди Тоҷикистон аз он ҷумла тансиҳатии кормандону курсантони Коллеҷ чораҳои зарурӣ андешида, онро дар сатҳи лозимӣ саривақт иҷро намоянд.
Корҳо дар ин самт ҳамарӯза идома дошта, зери назорати қатъии роҳбарият қарор дорад.