Дониш андар дил чароғи равшан аст…
Рӯзи 17-уми август бахшида ба Рӯзи дониш дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД бо иштироки сардори ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарият, курсантону шунавандагон ва омӯзгорону собиқадорони таълимгоҳи мазкур чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академия генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи дониш табрик намуд.
Сардори Академия суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба муносибати Рӯзи дониш дар ин рӯз баргузор гардид, на танҳо барои омӯзгорону донишҷӯёну курсантон, балки барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ниҳоят муҳиму зарурӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки Сарвари давлат дар суханрониашон оид ба шароитҳои муҳайёгардидаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагониву олии кишвар, донишомӯзии ҷавонон ва азбар намудани фанҳои муосир, соҳибкасбу соҳибмаълумот гардидани насли ҷавон андешаҳояшонро баён намуданд.
Ф. Шарифзода ба иштирокчиёни чорабинӣ муҳтавои суханронии Сарвари давлатро баён намуда, қайд кард, ки ҳар яки мо, устодони Академия, бояд дар таълиму тарбия, ба роҳи дуруст сафарбар намудани курсантон, соҳибмаълумот гардидани онҳо дучанд заҳмат кашем ва аз ҳар як курсанту шунавандаи ин боргоҳи илму маърифат фаъолона иштирок намудан дар дарсҳо, риояи бечунучарои тартибу низом, мутолиаи китобҳои илмиву бадеӣ ва ширкат дар озмунҳои ҷумҳуриявиро талаб намоем.
Мавсуф дар идомаи суханронии худ барои дастгириҳои пайваста ва ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба раванди таҳсили курсантону шунавандагон ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро арзи сипосу миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки муҳтарам Вазири корҳои дохилӣ ба серкории худ нигоҳ накарда, дар ин Рӯзи дониш боз имкон ёфта бо мо, устодону курсантон, вохӯрӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинии мазкур ба собиқадорони ниҳод барои гузоштани саҳми калон дар таълиму тарбияи насли ҷавон, ноил шудан ба дастоварду пешравиҳои Академия арзи сипосу миннатдорӣ баён гардида, чор нафар кормандонеро, ки вобаста ба синну соли ба нафақа расиданашон, ки бо фармони Вазорати корҳои дохилӣ ба нафақа баромадаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, тавре дар ин чорабинӣ зикр гардид, роҳбарияти Академия ва устодону курсантон ҳамеша хизмати онҳоро қадр менамоянд ва дарҳои ин боргоҳи илму маърифат барояшон кушодааст ва ҳамкориҳояшонро идома хоҳанд дод.
Дар интиҳои чорабинӣ сардори Академия генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи дониш табрик гуфта, ба онҳо барори кору муваффақият таманно намуд.
Раҷаббек Илёсов