Дастуру супоришҳо иҷро мешаванд!
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захира намудани маводи озуқаворӣ дар ин давраҳои паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19, дар Академияи ВКД низ чун дар дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд.
Аз ҷумла, вобаста ба амалисозии ҳидоятҳои зикршудаи Роҳбари давлат, бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо мақсади самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замини хоҷагии ёрирасон, ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорону курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бо саъю талоши онҳо имрӯзҳо дар захираи Академия чандин намуди маҳсулоте, ки аз заминҳои назди хоҷагии ёрирасони ин таълимгоҳ ҳосилғундорӣ шудаанд, аз ҷумла бодирингу булғорӣ ва помидори шӯркардашуда, райҳону шибити хушккардашуда, маҳсулоти полезӣ аз қабили каду, боимҷони хушкардашуда ва ғайра мавҷуд аст.
Ҳамчунин, дар анбори Академия ба қадри зарурӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орду равған, макарон, шакар, афшураи помидор ва ғайра захира карда шудааст.
Ба ҷуз ин, дар замини хоҷагии ёрирасони Академия ҳар гуна кабутиҳо, каду, тарбуз, бодирингу боимҷон ва дигар намуди полезиҳо дар ҳоли нашъунамо қарор доранд.
Ш. Убайдуллоев,
У. Олим