Омодагии факултети №5-и Академия барои соли таҳсили 2020 - 2021
Бо мақсади анҷом додани дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълим, доир ба оғоз гардидани соли нави тахсили 2020-2021, санаи 10 августи соли 2020, зери роҳбарии сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода Меҳрулло бо иштироки муовини сардори шуъбаи таълим, полковники милитсия Саидзода Саидшо Саид, муаллим-методисти қисми таълимии факултети №5 подполковники милитсия Муродзода Аслиддин Ғулом, роҳбарияти курс ва ҳайати професорону омӯзгорони кафедраҳои тахасусии факултети №5 ҷаласа гузаронида шуд.
Тибқи рузномаи ҷаласа ҳолати омодагии кафедраҳои факултети №5 вобаста ба соли нави таҳсили 2020-2021, тақсимоти сарбории ҳайати омӯзгорону професорони кафедраҳо мувофиқи низомномаи муқарарнанудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодасозии маводҳои таълимӣ аз қабили барномаҳои таълимии фаннӣ, силабусҳо, нақшаи мавзӯъҳо, лексияҳо ва дигар маводҳои истифодашаванда дар самти таълиму тадрис аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи таълими Академия мавриди санҷиш қарор гирифта, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вобаста ба омода будани ҷадвали дарсӣ ба қисми таълим ва ба роҳбарияти курс ҷиҳати омодасозии синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла таъмин намудани синфхонаҳо бо мизу курсиҳо ва дигар лавозимотҳои зарурӣ, супоришҳои қатъӣ дода шуд ва муҳлати иҷроиш низ муайян карда шуд.
Дар охири ҷаласа ба чунин қарор омад, ки ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки аз тарафи роҳбарияти шуъбаи таълим ва сардори факултет ба саҳми ҳозирин расонида шуд, шахсони масъул барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ӯҳдадор карда шуда ва ҷавобгӯ мебошанд, баъди бартараф намудани камбудиҳо ба унвони роҳбарияти факултети №5 ва шуъбаи таълим ба тариқи хаттӣ маълумотнома бояд пешниҳод намоянд.
Муаллими кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия
Хоҷамуродзода ФАРҲОД