Омодагии ҷисмонии ҳайати шахсии Академияи ВКД
Баҳри тарғиби ҳаёти солим, ҷиҳати тақвият бахшидани омодагии ҷисмонӣ, солимии руҳу бадан ва пешгирии вазни аз меъёри муқарраргардида зиёд тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ рӯзи 6-уми августи соли равон дар майдончаи варзишии Академияи ВКД бо иштироки ҳайъати доимӣ машқҳои варзишӣ таҳти роҳбарии сардори кафедраи ТМ ва ОҶ майори милитсия Латипов М.Л., гузаронида шуд.
Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои курсантону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст.
Сафарова С.