Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тозагӣ гарави саломатист!

517

Инсон дар рӯи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд. Тавассути ақли бузургаш инсон муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад.
Санаи 6-уми августи соли равон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар дохил ва ҳудуди бинои таълимии факултети №5, таҳти унвони «Тозагӣ гарави саломатист» аксияи тозагӣ-ободонӣ гузаронида шуд. Дар он тамоми омӯзгорони факултет ширкат намуданд. Сараввал, утоқҳои хоби курсантони курси 1-ум, рахтҳои хоб, дару тирезаҳо бо маҳлулҳои химиявӣ, яъне хлор тозаву безарар гардонида шуда, сипас саҳни факултетро тоза намуданд.
Роҳбарияти факултет тасмим гирифтааст, ки чунин аксияҳоро бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди факултет зуд-зуд ба роҳ монанд.
Нуруллозода Меҳрулло, сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия
Шарофзода Фирӯз, и.в.Сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия
Ҳабибзода Ҳокимҷон, муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...