Қадрдонӣ намудани Зиёзода Абдулло Маҳмад
Санаи 3-юми августи соли равон бо иштироки роҳбарияти Академияи ВКД дар толори маҷлисии Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур маросими бо медали ҷашнии «25-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намудани Зиёзода Абдулло Маҳмад, сардори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Академияи ВКД, таъмиру мумфарш намудани як қисмати ҳавлии Академия, инчунин бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Зиёзода Абдулло Маҳмад аз қадрдонии роҳбарияти Академияи ВКД илҳоми тоза гирифта, иброз намуд, ки робитаи байни Академияи ВКД ва Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда боз ҳам қавитар хоҳанд гашт.
Сафарова С.