Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирсозиҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19

228Вақтҳои охир авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ босуръат тағйир ёфта, раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти башарият беш аз пеш печидаву мураккаб гардида истодаанд.
Дар чунин шароит табиист, ки аҳамият ва нақши худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа ва манфиатҳои давлату миллат беш аз ҳар вақти дигар меафзояд.
Ҷомеаи ҷаҳонро имрӯз дар радифи хавфи содиршавии ҷиноятҳои террористиву ифротгароӣ, хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва оқибатҳои мудҳишу вазнини он нигарон намуда, тансиҳатии минбаъдаи сокинони сайёра ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои олам, аз қабили иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсату ҳуқуқ ва фарҳангу маорифро ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ кардааст.
Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ки мақомои ваколатдори сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад, бо дарки воқеии хатари бесобиқаи глобалӣ доштани бемории сироятии COVID-19 ба инсоният, онро моҳи марти соли ҷорӣ пандемия эълон кард ва давлатҳоро ҳушдор дод, ки ҷиҳати мубориза бо ин беморӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ созанд.
Таҳлилҳои ин созмони байналмилалии тандурустӣ аз замони хуруҷи ин беморӣ то ба имрӯз, ки қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, нишон медиҳад, ки то ба ҳол ба ягон низоми пешрафтаи тандурустии кишварҳои олам муяссар нашудааст, ки доруеро (ваксина) ихтироъ ва пешниҳод намоянд, ки гирифторони ин бемориро пурра табобат намуда, садди роҳи паҳншавии минбаъдаи он гардад.
Дар давлатҳои алоҳида, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва чанде аз кишварҳои Аврупо аллакай давраи озмоишии навъҳои мухталифи ваксинаи бемории сироятии COVID-19 оғоз гардида, бо маром идома дорад ва тибқи пешгӯиҳои мутахассисону коршиносон дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани озмоишҳо, эҳтимол аст, ки дар охирҳои соли ҷорӣ истифодаи клинникии доруворӣ ва истеҳсоли маҷмӯии он ба роҳ монда шавад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки кӯшиши дар алоҳидагӣ мубориза бурдани давлатҳо бо ин беморӣ чандон натиҷаи дилхоҳ наовард ва аз ин рӯ, хулоса кардан мумкин аст, ки танҳо дар заминаи ҳамкорию ҳамоҳангӣ роҳандозӣ гардидани муборизаи муштараки давлатҳо бо ин вабо, мумкин аст, ки дар ин самт натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, дар баробари дигар давлатҳо аз сироятии ин беморӣ эмин намонд ва ин беморӣ ба зиндагии муътадили сокинон ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсири манфии худро расонд.
Яке аз корҳои наҷиби Ҳукумати кишвар ин буд, ки аз оғози пайдоиши коронавирус дар баъзе аз кишварҳои минтақа, марзҳои заминиву ҳавоии худро баст ва назорати шадидро барои рафтуомад ба иҷро гузошт. Ҳамаи шахсонеро, ки аз хориҷ меомаданд (чӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва чӣ шаҳрвандони хориҷӣ) ҳатман ба карантини мӯҳлаташ муайян фаро мегирифт. Ин чораҳо сабаб гардиданд, ки вуруди вирус ба кишвари мо ҳудуди ду моҳ ба таъхир афтад. Дар ин муддат Ҳукумати Тоҷикистон сатҳи омодагии худро болотар бурда, табибони мо бо мутолиаи бештар ва пайгирии раванди паҳншавии вирус дар дигар кишварҳо ва шеваи бархурд бо он таҷрибаҳое дар ин хусус ҳосил намуданд ва ҳам мардуми мо бо дидани паёмадҳои беэътиноӣ нисбат ба коронавирус дар дигар кишварҳо дар шинохти роҳҳои пешгирӣ огоҳтар шуданд.
Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳои ҷаҳон карантини сартосарӣ ҷорӣ мекард он ба ҳолати руҳӣ ва равонии мардум таъсири ногувор мерасонд, ки эҳтимолияти аз тарс фавтидани одамон зиёд мегардид. Зарари иқтисодӣ низ зиёда аз 16 миллиард сомониро ташкил медод. Иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба эълон накардани карантини сартосарӣ ва пурзӯр намудани риояи талаботи беҳдоштӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ буд.
Бемории сироятии каронавируси нави СOVID-19 қариб дар тамоми кишварҳои ба ин беморӣ гирифторшуда дар баробари дигар хароҷотҳои моддиву молиявӣ инчунин ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан соҳаи хизматрасонии онҳо низ дар робита ба эълон намудани карантин ва баста шудани марзҳо миёни кишварҳои сироятёфта хисороти зиёди молиявӣ расонид. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хисороти азими молиявӣ эъмин монд, зеро кишвари мо на карантини сартосарӣ, балки “карантини нарм” эълон кард.
Яке аз тадбирҳои муҳим дар доираи нақшаи чорабиниҳои зикршуда дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои аҳолии осебпазир, инчунин таъминоти иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини пайдоиши нишонаҳои ин беморӣ дар паҳлӯи мардуми кишвар истода, бо дарки масъулияти ҷиддӣ оид ба хатари ҷойдошта ҷиҳати пешгирии интиқолу паҳншавии он ва паст кардани таъсири паёмадҳои ин бемории сироятӣ ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданду тамоми воситаҳои мавҷудаи иқтисодию молиявиро дар ин самт сафарбар карда, вазъиятро таҳти назорати шахсӣ қарор доданд ва бо таъсиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятӣ ва ситодҳои алоҳида дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳия то сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муваззаф гардониданд, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, табобати гирифторони ин бемориро ройгон таъмин намоянд ва ҳамаҷониба садди роҳи паҳншавии минбаъдаи он гарданд.
Сарвари давлат ҳамарӯза аз вазъи паҳншавӣ ва мубориза бо ин беморӣ воқиф буда, дар асоси хулосаи мутахассисон дастовардҳои муосири илми тибро дар самти табобати бемории сироятӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд ва то чи андоза муфид будани истифодаи онро дар Тоҷикистон таҳлил менамоянд.
Дар як муддати кӯтоҳ бобати анҷоми корҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирикунандаи паҳншавии бемории сироятӣ тадбирҳои бесобиқа андешида шуда, муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ барои қабул ва табобати гирифторони бемории сироятӣ ҳамаҷониба омода гардида, бо миқдори зарурии маводи тиббӣ, аз ҷумла доруворӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ, маҳлулҳои кимёвии безараркунанда ва хӯрока барои табибону беморон таъмин карда шуданд.
Беморхонаҳои сироятии нав бо шароити муосири муолиҷавӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба истифода дода шуда, беморон пурра ба табобати ройгон фаро гирифта шуданд.
Аъзои Ҳукумати кишвар, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти давлатӣ, табибон, гурӯҳҳои ташаббускор аз ҳисоби ҷавонон, волантёрон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ бобати пешгирии бемории сироятӣ ба таври муназзам ба роҳ монданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ кӯмакҳои наҷибу ғамхоронаи Пешвои миллат дар шакли маводи хӯрока ва доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ба тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дастрас карда шуданд.
Дар партави сиёсати инсонпарварона ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша ташаббускорӣ нишон дода, ба муассисаҳои тандурустӣ, кормандони он ва шахсони ниёзманд маводи хӯрокаю доруворӣ дастрас намуданд.
Дигар тадбири муҳиму саривақтӣ, ки назир надорад — ин бо мақсади дастгирии аҳолӣ, инчунин соҳибкорон ва бахши хусусӣ дар шароити таъсири паёмадҳои ин беморӣ 5 июни соли ҷорӣ ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад, ки он ҳамовозии тамоми ҷомеаро ба миён овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин санади меъёрии ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки тадбирҳои таъхирнопазирро дар ин самт амалӣ намуда, аз ҷумла, табобат ва нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарор дошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад.
Тибқи Фармон аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробон мондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шуда истодааст.
Ҳамчунин то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт карда мешавад.
Ин иқдоми муҳиму ғамхоронаи Роҳбари давлат барои дастгирии беморон, нафақахӯрон, маъюбон, дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ равона гардида, барои амалишавии ҳадафҳои конститутсионии давлатӣ иҷтимоӣ, ки мақсади он таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона ба ҳар як шахс мебошад, заминаи муҳим ба шумор меравад.
Яъне, дар ин вазъияти мураккаб табақаи ниёзманди аҳолӣ бори дигар ба ғамхории инсондӯстона ва пуштибонии Роҳбари давлат фаро гирифта шуда, вазъи зиндагии худро беҳтар карданд.
Ҳамзамон бо мақсади дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, онҳо аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар нуқтаҳои дахлдор фаъолият менамоянд аз 1 май то 1 августи соли 2020 аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод карда мешаванд.
Ташаббуси мазкур дастгирии навбатии рушди бахши хусусӣ, яъне соҳибкорӣ дар кишвар ба шумор рафта, воситаи муҳими пешгирии муфлисшавии соҳибкорон мебошад ва онҳоро барои фаъолияти минбаъда ҳавасманд мегардонад. Тоҷикистон аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи рушди иқтисоди бозоргониро пеша намуда, дар сатҳи Конститутсия фаъолияти озоди иқтисодӣ, яъне соҳибкориро кафолат дод ва дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои муфид ноил гардид.
Дигар иқдоми муҳим, пешбинӣ шудани муқаррарот дар хусуси аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ паст намудани меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоизи амалкунанда то 6 фоиз, инчунин мавриди танзим қарор додани нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишворӣ мебошад.
Омили мазкур бевосита ба ҳаёту фаъолияти ҳамарӯзаи сокинони кишвар таъсири мусбӣ расонида, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи иқтисодии шаҳрвандон, пардохтпазирии онҳо, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии кишвар, пешгирии баландшавии беасоси нарху наво ба маҳсулоти истеъмолии ниёзи аввалия, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои дастрасии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон ба молу маҳсулоти зарурӣ ва қонеъ намудани талаботи маишии онҳо мусоидат мекунад.
Иҷрои муқаррароти Фармони зикршуда, инчунин барои ҳалли мушкилиҳои шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷа қарор доранд ҳамаҷониба мусоидат кард. Тибқи муқаррароти Конститутсияи кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, Пешвои миллат ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон бо ин ташаббуси наҷиби худ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони кишварро дар хориҷа таъмин намуда, онҳоро тавассути парвозҳои махсуси чартерӣ бинобар паҳншавии бемории сироятӣ ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо аз ҷониби кишварҳо дар масъалаи вуруду судури шаҳрвандон ба қаламрави кишварҳояшон наметавонистанд аз он хориҷ шаванд, ба Тоҷикистон баргар донида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар шароити муосир, ки паёмадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба ҳаёти ҳамарӯзаи мардум ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ кишвар таъсири манфии худро расонида истодааст, аз ҷониби Роҳбари давлат роҳандозӣ намудани чунин ташаббуси инсонпарварона ва ғамхорона дар заминаи қабули Фармони алоҳида сазовори ҳамагуна эҳтирому қадрдонист.
Умуман тадбирҳои саривақт роҳандозишуда натиҷаи муфид ба бор оварда, ба он мусоидат кард, ки теъдоди гирифторони ин навъи беморӣ ба маротиб коҳиш ёбад ва шиддати паҳншавии он пешгирӣ гардад.

Нуруллозода М.
Сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

Ҳабибзода Ҳ.Т.
Муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...