Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

220Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад.
Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида оқибатҳои нохушро бабор меоварад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида баҳри амали намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.
Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгу қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти истифодаи самаранокӯ истифодаи маблағҳои буҷетӣ, ошкорсозӣ, пешгирӣ, ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назарас ноил гардидааст.
Проблемаҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама ба пешрафти иқтисодиёт, татбиқ ва таъмини ҳуқуқӯ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрую нуфузи давлат ва низоми сулҳу суббот халали ҷиддӣ ворид сохта боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.
Ҳамзамон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд муқарраротҳои дахлдор пешбини гардидааст.
Аз ҷумла дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 317, 318, 319, 320 ва дигар модаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.
Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.
Ҳаинро қайд намудан лозим аст, ки 31 – октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбини шудаанд. То имрӯз зиёда аз 140 – давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25-ментябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмондар Паёми худ ба Маҷлиси олии кишвар, ки 22-декабри соли 2016 ироа гардид, қайд намуданд, ки «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад»
Хулоса ҳаминро бояд қайд намуд, ки мо ҳамчун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешравии иқтисодиёти ҷомеа, таъмини ҳуқуқӯ озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва аз байн будрани муомилоти корупсионӣ ҳаматарафа ва ҳамаҷониба саҳми арзандаи худро гузорем.

221222Сардори кабинетҳои кафедраи мурофиаи ҷиноятии
факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Сулаймонзода Рустам
Нозири калони шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
майори милитсия Алиев Амриддин

 

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...