Вохурии сардори Академия бо довталабон
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеъа ҳисобида тамои шароитхоро барои онҳо муҳайё месозад. Вазири корҳои Дохили генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохуриҳояш бо ҷавонон иброз менамояд, ки онҳо таҷриба малака ва маҳорати насли калонсолонро омȳхта дар ҳаёти ҷамъияти татбиқ созанд. Дар ҳамин асос санаи 10 июли соли равон сардори Академияи ВКД генерал-майори миилтсия Шарифзода Ф.Р. дар Академияи ВКД вохȳрии довталабон ва падару модари онҳо доир намуд.
Мулоқотро сардори Академия оғоз намуда, қайд намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академия бо тамоми шароити ҷавобгӯи талаботи замон сохта ба истифода дода шуд, ки моро водор месозад тамоми саъю кушиши худро ба хизмати содиқона ва софдилона баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона намоем.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки имруз тамоми кишварҳои дунёро вабои аср коронавирус (COVID-19) таҳдид мекунад ва барои паст кардани сатҳи бемории ҷаҳонӣ бояд ҳар як сокинони кишвар пеш аз ҳама гигиенаи шахсиро риоя намуда, ва
пӯшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам ва ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди Академияро фаромӯш накунанд.
Нуқтаи дигаре, ки дар ҷараёни вохӯрии мазкур иброз гардид, ин масъалаи роҳ надодан ба ҳолатҳои корупсионӣ ҳангоми имтиҳонҳои қабул ва бовар накардан ба ҳар гуна шахсони тасодуфие, ки барои дохил шудан, ҳар гуна ваъдаҳои бардуругро ба довталабон медиҳанду онҳоро ба гумроҳи мебаранд.
Дар фарҷоми вохурӣ сардори Академия ба тамоми довталабон барои супоридани имтиҳонҳои дар пеш истода муввафақиятҳои беандозаро таманно намуд.
Сафарова С. Убайдуллоев Ш.