Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзи сипос

107

Дар хизмати шабонарӯзии мақомоти корҳои дохилӣ пешравиҳо рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст, ки ин ҳама натиҷаи ташаббусу иқдомҳои наҷибу саривақтӣ мебошад.

Талошу кушишҳои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус Вазири корҳои дохили генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар баланд бардоштани мақому мавқеи кормандони милитсия дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ назаррас буда, боварии шаҳрвандон ба фаъолияти шабонарӯзии милитсия афзудааст. Ин аст, ки шаҳрвандон др симои мо, кормандони ин ниҳод ҳимоятгари хуқуқу озодӣ ва манфиатҳои хешро мебинанд.
Тавре маълум аст, солҳои охир дар ин самт, навгониҳо ба амал омада, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то вазифа ва уҳдадориҳои хизматиашонро содиқонаву сарбалондона сари вакт иҷро намуда, сазовори боварии мардум гарданд.
Яке аз ин иқдомҳои саривақтӣ ва бомаврид ҷиҳати рушду илму дониши кормандони милитсия бо адабиёти зарурии соҳавӣ таъмин намудаи Академияи ВКД ва ба ин восита, баланд бардоштани савияи дониши кормандон мебошад.
Мо як гурӯҳ кормандони ҷавони мақомот барои такмили ихтисос ва ҷиҳати баландбардории тахассуснокӣ ба бахши ғоибонаи факултети №3-и ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷат супоридем. Хушбахтона, соҳиби номи шунаванда гардида, худ шоҳид будем, ки ҳамаи имтиҳонҳову санҷишҳо шафоф ва одилона сурат гирифтанд.
Аз фурсат истифода бурда, барои муҳайё намудани шароити хуби илмомӯзӣ ва такмили ихтисос пеш аз ҳама, ба Вазири корҳои дохили генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, инчунин ба сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва устодони ин боргоҳи илму маърифат изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда медиҳем, ки дар оянда низ пайи иҷрои вазифаҳои хизматии худ содиқонаву софдилона кору фаъолият менамоем.

Хайриддин Шарипов, сардори Қисми мустақили 28 СХДО ВКД дар ш.Бохтар, сержанти хизмати дохилӣ,
Дилором Самадова радиоалоқачии Кисми мустақили2 СХДО ВКД дар н.Фирдавсӣ, сержанти хурди хизмати дохилӣ,
Ҷаҳонгир Абдуллоев, нозири шуъбаи ҷавонони РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. лейтенанти калони милитсия
Марҳабо Рамадонзода, корманд-мутахассиси котиботи ШВКД дар н.Ишкошим, сержанти милитсия,
Сатторзода Муродҷон Мирзораҳим, сардори қисми махфии қисми ҳарбии 3501-и Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...