Баргузор намудани мизи мудаввари байналмилалӣ бо тариқи он-лайн оид ба проблемаҳои каҷрафтории ноболиғон ва ҷавонон
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Барномаи мақсаднокии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, санаи 30 июни соли ҷорӣ мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи «Каҷрафтории ноболиғон ва ҷавонон: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалл намудани онҳо» (Девиантное поведение несовршеннолетних и молодежи: проблемы и пути решения) дар режими он-лайн баргузор гардид. Бояд иброз намоем, ки масъалаи мазкур дар Академияи ВКД тӯли солҳо мавриди омӯзиш қарор ёфта, мавзӯи илмӣ таҳти унвони «Омилҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии каҷрафтории ҷавонон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ», ки аз бӯчаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, таҳқиқоти имлӣ гузаронида шуда истодааст.
Бо суханҳои ифтитоҳӣ аз тарафи Донишгоҳи ВКД Россия дар ш.Краснодар, муовини сардор оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Осипенко Анатолий Леонидович ва аз тарафи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мансурзода А.М. баромад намуданд.
Аз номи Академияи ВКД дар кори он-лайн конференсия сардори шуъбаи адъюнктура, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Самиев Н.М. бо маърӯза дар мавзӯи “Масъалаҳои таҳқиқи худкушӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон: таҳлили иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ” (“Проблемы расследования суицида среди несовершеннолетних и молодежи: социально-правовой анализ») ва ходими калони шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, полковники милитсия Асламов Б.С. бо маърӯза дар мавзӯи « Масъалаҳои каҷрафтории наврасон ва ҷавонон дар шароити таҳаввулоти ҷомеаи муосир» (“Проблемы девиантного поведения подростков и молодежи в условиях трансформации современного общества”) баромад намуданд. Аз тарафи Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар олимони соҳаҳои психология ва педагогика, аз ҷумла, сардори кафедраи психология ва педагогика, номзади илмҳои психологӣ, дотсент, подполковники политсия Таганова А.А., дотсенти кафедраи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ, подполковники политсия Нестеренко И.С., инчунин, номзади илмҳои психологӣ, дотсент, полковники политсия Павлова С.А., номзадони илмҳои психологи, дотсентон Деева Н.А. ва Бондаренко А.С. иштирок намуда, оид ба проблемаҳои каҷрафтории ноболиғон ва роҳҳои ҳал намудан сухан ронданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр