ИД БА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАКЛИ ОН-ЛАЙН
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Костонай ба номи Ш. Қобилбоев ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, аз сабаби эълон намудани дар Ҷумҳурии Қазоқистон карантин ҷиҳати пандемияи COVD-19, ки боиси нарафтани курсантон-тоҷикзабони Академияи ВКД Костонай ба ҷойи таҳсил гардид, санаҳои 16-18 юни соли ҷорӣ имтихонҳои давлатӣ барои курсантони курси 4-уми муассисаи мазкур дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буданд. Боиси қайд аст, ки чунин таҷриба дар таърихи Академияи ВКД бори нахуст мебошад, ки аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Р.Ҳ. Раҳимзода, роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода пурра ҷонибдорӣ карда шуда буд.к
Имтихонҳои давлатӣ тариқи барномаи «Скайп» баргузор гардид.
Аз тарафи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти имтиҳонҳо сардори шуъбаи таълим, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А., сардори шуъбаи илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Абдурашидзода А.А., сарнозир оид ба робитаҳои байналмилалӣ, полковники милитсия Каримова Л.М. ва аз тарафи Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Костонай ба номи Ш. Қобилбоев сардори академияи мазкур, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники политсия Биекенов Н.А., сардорони кафедраҳои дахлдори ин Академия ва дигар аъзоёни Комиссияи имтиҳони давлатӣ иштирок намудаанд.
Дар озмоишҳо 10-нафар курсантон-тоҷикзабони курси 4-уми Академияи ВКД Костонай, ки таҷрибаомӯзиро дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон гузаронидаанд, иштирок доштанд.
Санаи 16 июн имтиҳони якум (умумӣ), ки дар он саволҳо аз фаннҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ иборат буданд, гузаронида шуда буд. Лифофа бо билетҳои имтиҳонӣ дар назди иштирокчиён бурида шуда, курсантҳо аз он рақамҳои билетро интихоб намуда, аъзои Комиссияи имтиҳонии Академияи ВКД Костонай шакли электронии онро ба тариқи барномаи телефонии WhatsApp ба курсантон равон мекард. Барои тайёр намудани ҷавобҳо ба ҳар як курсант 30 дақиқа вақт ҷудо намуда буданд. Дар натиҷаи имтиҳон, курсантон дониши хуб ва қобилияти нағзи рафтори худро дар ин гуна чорабиниҳо нишон дода, аз онҳо 3-нафари баҳои «хуб» ва 7-нафар баҳои «комёб» пайдо намуданд.
Санаи 18 июни соли 2020 имтиҳони давлатӣ аз фанни иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузашт, ки дар он ҳам курсантон дониши хуб нишон дода, аз 10-нафарашон 2-нафар баҳои «хуб» дарёфт намуданд.
Дар натиҷаи имтиҳонҳои давлатӣ курсантон-тоҷикзабон Академияи ВКД Костонай ба номи Ш. Қобилбоев-ро хатм намуда, соҳиби диплом ва рутбаи аввали «лейтенант» гардиданд.
Бо ин натиҷаи хуб курсантонро сардори академияи мазкур, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники политсия Биекенов Н.А. ва сардори шуъбаи илми Академияи ВКД Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. табрик намуда, ба хатмкунандагон бурдборӣ, сабру таҳаммул, иродаи қавӣ ва барору комёбиҳои беназирро таманно намуданд.
Дар навбати худ курсантон-хатмкунандагон роҳбарият ва омӯзгорони Академияи ВКД Костонайро баҳри заҳматҳояшон дар муддати таҳсил изҳори минатдорӣ намуда, роҳбарияти Академияи ВКД ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бовар кунониданд, ки барои таъмини волояти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва химояи хуқуқу озодиҳои шаҳравндон дониш ва малакаи аз бар намудаи худро содиқона сарф хоҳанд намуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр