Ҳифзи амнияти озуқавори вазифаи ҳамаи мақомот аст
Дар партави иҷрои дастуру супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои сохторҳои қудратӣ бо озуқавории босифат аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон, мунтазам дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии шуъбаи таъминоти он дар хоҷагии ёрирасони Академия маҳсулоти сабзавот кишт карда шуда, ҳосили фаровон дар арафаи Рӯзи Ваҳдвти миллӣ ҷамъ оварда шуда, барои ниёзи курсантон ва омȳзгорон мавриди истифода қарор гирифт.
Аз ҷумла аз замини кишти Академия ҷамъоварии картошкаи мавсими бо иштироки ҳайъати шахсии Академияи ВКД дар масоҳати 17га 2 тонаю 500кг картошкаи мавсими ҷамъовари карда шуд.
Қисме аз маҳсулоти ҷамъоварда ба кормандони Академияи ВКД ройгон тақсим карда шуд.
Сафарова С.Н.