Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими тантанавии хатмкунандагони Академия

211

Рӯзи 15-июни соли ҷорӣ дар арафаи Иди ваҳдати миллӣ дар Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ бо иштироки роҳбарияти Академия ВКД, маросими маҳдуди хатмукнандагони фаъол баргузор гардид.

Маросим бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуда, сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо нутки табрикӣ баромад карда, аз номи роҳбарият ва омӯзгорон тамоми хамкунандагонро барои хатми бомуваффақияти Академия табрику таҳният гуфта, ба онҳо баҳри хизмати софдилона дар сафҳои МКД бурдборихо орзу намуд.
Ба хамкунандагон дар вазъи тантанавӣ дипломҳои Академия, нишони сарисинагӣ ва рутбаҳои лейтенанти калони милитсия ва лейтенанти милитсия сарфароз гардонида шуданд.

212

Сипас хамкунандагони фаъол баромад карда ба Вазири корҳои дохилӣ, роҳбарият ва омӯзгорон баҳри заҳматҳояшон дар мудати таҳсил изҳори минатдорӣ намуда, роҳбарияти ВКД-ро бовар кунониданд, ки барои амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, таъмини волояти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва химояи хуқуқу озодиҳои шаҳравндон дониш ва малакаи аз бар намудаи худро содиқона сарф хоҳанд намуд.
Маросими хатм дар доираи фосилаи ҷамъиятӣ бо талаботи оинномавӣ дар вазъи тантанавӣ ва руҳбаландӣ аз фазои сулху ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

213

Асламов Б.С., Сафарова С.Н.- гузориши махсус барои Сомонаи расмии Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...