Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коронавирус ва бархурди нави геополитикӣ: конспирология ё ҳақиқат?

210Охири соли 2019 ва ибтидои соли 2020 паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нави SARS-2 вазъи геополитикии ҷаҳонро комилан тағйир дод. Глобализатсияи ҷаҳонӣ рӯ ба инқироз овард. Ҳамаи давлатҳои чаҳон дар ҳимояи худ қарор гирифтанд. Якумин шуда шабакаи якуми телевизонии Россия пеш аз пандемияи COVID-19 , барномаи хосеро аз ёддоштҳои экстрасенси машҳури булғорӣ Ванга бо шоҳидони мулоқот бо ӯ пахш намуда, суҳбатҳои онҳро аз полиграф гузаронид. Шоҳидон иттилоъ доданд, ки ҳанӯз соли 1995 Ванга дар бораи паҳншавии босуръати коронавирус аз Шарқ ба Ғарб ҳушдор додааст, ки он боиси марги зиёд ва нооромихои иҷтимоӣ мегардад.

Бисёре аз скептикҳо (шубҳакунандагон) ба ин пешгӯии Ванга бо назари тамасхур назар намудаанд. Ванга ҳушдор дода буд, ки вабои нав тули 3-мох ба авҷи баланд аз моҳи феврал то май хуруҷ карда, сипас поён мефурояд, дар ин айём дору ё ваксинаи он низ дарёфт мегардад, аммо ҷаҳон зарари зиёд мебинад.

То эълон гардидани пандемияи COVID-19 аксари давлатҳои Осиё ба он дучор гардиданд, ки Аврупо ва ИМА ба он бо назари тамасхур нигоҳ менамуданд, ки он гӯё як вируси муқаррарии мавсимӣ бошад.То ин замон вирус ба тамоми ҷаҳон сироят намуд.Таҳо баъд аз 11-марти соли 2020 бо пешниҳоди Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ кишварҳои бузург сарҳадҳои худро бастанд , ки хеле дер шуда буд. Гарчанде, ки дар бораи пайдоиши ин вируси нав ақидаҳои мухталифи илмӣ ва конспирологӣ вуҷуд дошанд, аммо хеҷ яке аз кишварҳо интизори он набуданд, ки корновирус боиси хароби иктисодӣ, мавҷи бекорӣ ва эътирозҳо зидди нажодпрастӣ дар ИМА ва Аврупо мегардад.Барои таркишҳои ичтимоӣ сабаб ва баҳонаҳо зарур мебошанд. Сабаб короновриус, баҳона куштори Ҷорҷ Перри Флойд. Нажодпарастӣ маҳсули ҷомеаи сармоядорӣ аст, солҳои тӯлонӣ ҷомаи ИМА аз он азият мекашад, муборизаи зидди нажодпарастӣ таърихи кухан дошта, дар қарни 20 боиси пайдоиши давлатҳои нав дар Осиё ва Африқо гашт.Қисме аз сокиони Осиё ва Африқо ба ИМА ва Аврупо аз сабаби тангии иктисодӣ ҳиҷрат намуда муқими он гардиданд. Онхо умед ба системаи сармоядории ин кишвархо баста буданд. Дар ин аём олҳои 80-уми қарни 20 афкори сотиалистӣ дар Аврупо рӯ ба инқироз оварда, давлатҳои он низ ба капитализм рӯ оварданд. Ин раванд оқибат СССР-ро чун як империяи ҷаҳонӣ аз байн бурд, ки меросхури он Россия гашт.Доираи давлатҳои ба ном сотсиалистӣ сол ба сол маҳдуд мегашт ва онҳо аз қабили Куба, Кореяи Шимолӣ «меҳвари бадӣ» номбар мешуданд.
Дар ин айём Ҷумҳурии Халкии Чин капитализмро бо сотсиализм омезиш дода, хеле ҳам рушди иқтисодӣ намуда, маркази глобализатсияро аз Аврупо ва ИМА ба худ куҷонид, ки боиси бархурдҳои нави геополитикӣ ва ҷангхои тиҷоратӣ бо ИМА гашт.
Ҳамаи ҷомеашиносони ҷаҳон дар он акида буданд, ки СССР пош мехурад, Аврупои Шарқӣ бо рохи нав меравад ва абарқудратҳо тамоми ҷаҳонро кӯмак менамоянд.Вале як коронавирус вазъро комилан тағйир дод.Ҳеҷ кас гумон намекард,ки коронавирус боиси ба вуҷуд омадани марҳилаи нави геополитикӣ баъди суқути СССР мегардад ва бар хилофи пешгӯиҳои З.Бзежинский боиси пайдоиши Секунҷаи нави геополитикӣ аз қабили ИМА, РОССИЯ, ЧИН мегардад.
Суқути СССР бояд афзалиятро ба Ғарбу ИМА медод, аммо як коронавируси ногахонии нав COVID-19 афзалиятро аз капитализм ба сӯи сотсиализми ба ном «гӯрондашуда» дар ИМА ва Аврупо такон дод, он чӣ аён аст , хоҷат ба баён нест.
Боқӣ худатон қазоват намоед!
Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...