Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдат ва ризоияти миллӣ ( бахшида ба 27-июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ)

209Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрати сиёсӣ омадан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иброз намуда буд, ки «мақсади асосии вай ба хайси роҳбари давлат ин гирифтани пеши роҳи ҷанги дохилӣ, ба сулҳу субот овардани ҷомеа, ваҳдати миллӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, баргардонидани гурезагон ба маҳалли зисти доимӣ, наҷоти давлату миллат аз нобудӣ ва парокандагӣ буд».

«Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ва шароити таърихӣ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн барам,Ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедонистам» иброз намуда буд, Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Раванди сулҳофарин бо заҳмату машаққати зиёд ба даст омад. Нахуст Пешвои муаззами миллат дар вазъи муракаби муқовиматҳои дохили рӯзи 22-ноябри соли 1992 ба нохияи Шаҳритуси вилояти Хатлон рафта, аз наздик бо аҳолӣ вохурда , барои эътидоли вазъи ҷамъиятӣ дастурҳои мушаххас доданд. Кулли шаҳрвандон Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистонро самимона истиқбол намуда, ба ӯ эътимод ва боварии комил бахшиданд.Ин рӯхияи мардумӣ буд, ки рохбари давлат гаштаю баргашта иброз медошт, ки бо халқ кор кунед, халқ қувваи бузург аст ва ҳар як роҳбаре, ки бо халқ такя мекунад, ба муроди худ мерасад.
Масъалаи муҳим ин ҳувияти миллати тоҷик буд, ки бояд дар атрофи идеяи ваҳдати миллӣ хамаи сокинони Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, мансубияти динӣ муттаҳид мегаштанд.Ин кори басо мушкил буд, чунки қуввахои иртиҷоӣ инро намехостанд ва хадаф доштанд, ки сарзамини Точикистон ба театри амалиётҳои ҷангии бардавом, хариду фуруши маводи мухаддир, силоҳ табдил ёбад. Ба мардуми оддӣ фаҳмондан лозим буд, ки ин ҷанги таҳмилӣ аст, ки ба давлатҳои тозаистиқлол таҳрезӣ шудааст, мардум меҳфаҳмад, қувваҳо силохро супорида ба кори осоишта гузаштан лозим, фақт бо мардум кор кардан лозим аст, таъкид менамуд, Пешвои миллат. Маҳз ҳамин мардумсолорӣ буд, ки халқ ба сӯи сулҳу ободӣ раҳсипор гаштанд. Қувваи халк ба яроқ, зӯроварӣ, ташануҷ ғолиб мархила ба марҳила ғолиб омад.
Ин идеяи ҷавонмардона ва сулхҷуёнаи Эиомалӣ Раҳмони ҷавон буд. Аввалан, ин ба халқи меҳнаткаш, дуюм ба ҷавонон, сеюм ба занону бонувон такя намуда, қувваи бузурги ваҳатофарро ташаккул дод. Ба мухолифатҳои зиёд нигоҳ накарда, Эмомалӣ Раҳмон 25-январи соли 1995 дар мактубаш ба СММ иброз дошт, ки «Ман ва Ҳукумати Тоҷикистон омода ҳастем, ки бидуни шартҳои иловагӣ ба Созишнома бо мухолифин имзо намоем». Чунин рафторро ягон роҳбари давлатҳои ҷангзада ба уҳда нагирифтааст. Ин падидаи нав дар роҳи эъмори сулҳ буд. Роҳбари давлат дар 8-гуфтушуниди расмӣ, 18-вохуриҳои гуногун бо мухолифин танҳо аз сулҳ ва ризояти миллӣ ҳарф мезад.
Ин дилу нияти соф буд, ки ниҳоят 27-иони соли 1997 дар шахри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо шуд. 8-уми сентябри соли 2000 Корпуси байналмилали Сулҳ ин дастоварди тоҷиконро эътироф ва Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи ин Корпуси бонуфуз барои хизматҳояш мушарраф намуд.
11 -марти соли 2002 бо ташаббуси Пешвои миллат, «Аҳднома умумии ризояти миллии Тоҷиистон» аз ҷониби ҳамаи хизбхои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, диаспораҳои сокини Тоҷикистон имзо шуд.
Солҳо мегузаранд, асрҳо мегузаранд, вале шахсият, ҷонфидоӣ ва маҳбубияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамчун абармарди сиёсат, сарвари мардумсолору сулҳдӯст абадан дар саҳифаҳои таърих боқӣ мемонад.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...