Кишти баҳорӣ дар Академияи ВКД
Бо мақсади ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аскарон, курсантону омӯзгорон, истифодаи самараноки қитъаҳои замин дар Академияи ВКД таҳти назорати бевоситаи сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Рахмоналӣ дар қитъаи замини назди Академия кишти баҳори гузаронида шуда, маҳсулоти тару тозаи сазавот, аз қабили каду 0,13 га, бодиринг 0,15 га, лубиё 0,21 га, тарбуз 0,17 га, картошка 2700 адад, ниҳоли помидор 2700 адад , боимҷон 2700 адад, ниҳоли қаламфури булғорӣ 1200 адад ва дигар маҳсулоти витаминдори ғизоӣ шинонида шуд.
Дар парвариши маҳсулотҳои шинонидашуда саҳми кормандони таъминот таҳти роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД оид ба таъминот, полковники милитсия Додарбеков Р.Б. назаррас мебошад.
Сафарова С.