Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАЪРАКАИ АЛАФДАРАВӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 20 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ чунин қайд намуданд, ки: “Тавре ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, тағйирёбии иқлими сайёра ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани фалокатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла обхезӣ, хушксолӣ, фаромадани ярч, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун шуда истодаанд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемории коронавирус низ ҳамин омилҳо ба шумор мераванд. Бинобар ин, эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани тозагии экологӣ вазифаи муҳимтарини тамоми инсоният, аз ҷумла мардуми мо мебошад».

202203

Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 2 июни соли 2020 бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, зери роҳбарии муовини сардори Академия оид ба қисми низомӣ, полковники милитсия Ализода Алиҷон Шариф дар гирду атрофи факултети №5 маъракаи алафдаравӣ ва тозаю озода намудани назди бинои факултети мазкур ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони факултети №5 фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи бинои факултетро аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Сардори кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия
Нуруллозода М.
Муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор, капитани милитсия
Раҳматшозода С.Р.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...