Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани мизи мудаввари байналмилалии он-лайн

197

Санаи 28 майи соли 2020 мутахассисони Академияи ВКД дар мизи мудаввари байналмилалии он-лайн дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири муқовимати ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологии нашъаҷаллобӣ» («Современные проблемы уголовно-правового и криминологического противодействия накопреступности»), ки он аз тарафи Донишкадаи Сибирии ҳуқуқшиносии ВКД Россия (ш.Красноярск) ташкил ва баргузор гардид, иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминологии ин Донишкада, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники политсия Малков Сергей Михайлович баромад намуд. Инчунин, дар мизи мудаввари байналмилалӣ мутахассисони ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Донишкадаи политсияи Донишгоҳи ВКД Муғулистон бо маърӯзаҳо иштирок намуданд.
Дар он-лайн семинар адъюнкти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД, муовини сардори шуъбаи назорат аз боли гардиши воситаҳои нашъадор ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Муродзода Фирӯза Рӯзибой бо маърӯза дар мавзӯи «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии прекурсҳо дар замони муосир» баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи олимони Донишкадаи Сибирии ВКД Россия дар ш.Красноярск ва дигар иштирокчиёни мизи мудаввар ба маърӯзачӣ саволҳо пешниҳод шуда буданд.

198199

Ҳамчунин, дар рафти мизи мудаввар масъалаҳо ҷиҳати кушодашавии ин намуди ҷиноятҳо аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аҳамияти маълумоте, ки ба таври чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гирфта шуданд, алоқаи нашъаовар бо экстремизм ва таъсири он ба ҷавонон, инчунин, сиёсати зиддинашъамандӣ дар кишварҳои ИДМ, тамоюл ва тараққиёти ҳамкорӣ дар ин самт ва диг.

Полковники милитсия Каримова Л.М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...